Гуфтугӯи мақомоти ҳамсоякишварҳо дар бораи масоили марзӣ

Мақомоти Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон 17-уми июли соли ҷорӣ мулоқоти сеҷониба доир карда, масоили марзиро меҳвари гуфтугӯи худ қарор додаанд.

Тавре имрӯз, 18-уми июл “Азия-Плюс” хабар дод, вохӯрии ҳайтҳои се кишвар дар вилояти Ботканди Қирғизистон сурат гирифтааст.

Музаффар Юнусзода, сухангӯи вилояти Суғд доир шудани ин мулоқотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, афзудааст, ки “17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд -Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона – Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.“

Дар ин сафар Раҷаббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздмарзӣ низ ҳамроҳӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳишоияи нишасти асосӣ фармондеҳони Нерӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршеев бо ҳам мулоқот кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ин мулоқот ба ин расона гуфта, ки “Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта, гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон музокираи навбатии худро дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар аз 3-юм то 9-уми июли соли ҷорӣ дар Қирғизистон гузарониданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тиқби нақша, қарор аст вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон баргузор бишавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарк доранд ва аз ин миқдор то кунун 300 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст. Аксари низоъҳои марзӣ низ дар ҳамин нуқтаҳои аломатгузоринашуда сар мезанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.