Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ мавсими даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд ва дар рӯзи аввал мисли даъватҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз иҷрои 101 дардсадии нақшаи даъват хабар дод.

Ҳамчунин расонаҳои ҳукуматӣ хабар додаанд, ки шаҳрҳои Бохтар, Гулистон, Бӯстон, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Вахш низ нақшаро дар рӯзи аввал иҷро кардаанд.

То ҳол Вазорати дифои Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар тамоми кишвар нақша чанд дарсад иҷро шудааст, аммо тирамоҳи соли гузашта, мақомот дар як рӯз аз иҷрои 55 дарсадаи даъвати насарбозон хабар дода буданд.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2026, даъвати тирамоҳии шаҳрвандони марди аз 18 то 27-сола дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2026 баргузор мешавад.

Мақомоти кишвар пурра иҷро шудани нақшаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои аввал ба зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш бо роҳҳои гуногун ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб шудааст эълон кунанд, ки нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳар мавсим даҳҳо наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад, ки дида мешавад, кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашон-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд. Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми беш аз 30 сол аст ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини низомӣ ва амниятиро бигирад.

Солҳои охир мақомот дар баробари сарбозшикор аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб мекунанд ё ҳуҷҷати ронандагӣ бар ивази хидмат медиҳанд ва ё наздикони сарбозонро асир мегиранду латтӯкуб мекунанд.

Ба назари таҳлилгарон, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар мебошад.

Ва чанд соли охир масъулони Вазорати мудофиаи кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ин соҳа эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.