18.9 C
Dushanbe

Боздошти се тоҷикистонӣ бо беш аз $1,2 миллион доллар дар Ҳиндустон

Мақомоти Ҳиндустон дар яке аз фурӯдгоҳҳои ин кишвар се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки ба сурати ғайриқонунӣ 1,2 миллион долларро қочоқ кардан мехостаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳиндустонӣ, 22-уми июли соли 2023 мақомоти гумруки ин кишвар се шаҳрванди Тоҷикистонро дар яке аз фурӯдгоҳҳои ин кишвар боздошт кардаанд, ки қасди қочоқи асъори хориҷиро доштанд.

Дар бархе аксу наворҳое, ки аз ҷараёни ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки “қочоқчиён” бастаҳои пулҳоро, ки иборат аз бастаҳои 100-долларӣ ва қисман ҳам бастаҳои 50, 100, 200-евроӣ, ки аз онҳо мусодира шудааст, дар болои мизе назди кормандони фурӯдгоҳ гузошта шуда, акс гирифтаанд.

Мақомоти Гумруки Ҳиндустон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Индира Гандӣ дар Деҳлӣ дар бораи ҳувияти ин афрод ба расонаҳо чизе нагуфтаанд, вале иттилоъ додаанд, ки қарор буд, 21-уми июли соли ҷорӣ ин се шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи парвози № TK 0717, аз терминали рақами 3 Фурӯдгоҳи Деҳлӣ ба Истанбули Туркия бираванд. Аммо вақти санҷиши бағоҷҳо аз ҷомаданҳои онҳо ба 720 ҳазор доллар ва 466 ҳазору 200 евро мусодира шудааст.

Инчунин дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки қисме аз ин пулҳоро нахуст дар як нусхаи газета печонда, сипас дар дохили пойафзорҳои варзишӣ гузоштаанд. Барои раҳгум занондан аз болои онҳо коғазпораҳоеро низ гузошта, ва дар охир онҳоро дар дохили ду лифофаи палостикӣ, аввал сафед ва баъд сиёҳ гузошта, даҳанаи онро муҳкам бастаанд.

Мақомоти гумруки Ҳиндустон ин ҳодисаи кашфи беш аз 1 миллону 200 ҳазор долларро “бузургтарин мусодираи таърих” номидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.