“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Тибқи охирин ҳисобҳо, барои ба итмом расонидани сохтмони НОБ “Роғун” боз ҳудуди $6,3 млрд лозим аст. Бо дарназардошти маблағи аллакай масрафшуда, қимати ин сохтмони нимасра беш аз $10,5 млрд тамом хоҳад шуд. Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад? Ҳисобҳо нишон медиҳанд, нерӯгоҳи офтобие, ки ба $6,3 млрд сохта мешавад, бештар аз “Роғун”-и 10,5-миллиардӣ барқ истеҳсол хоҳад кард.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки барои ба анҷом расондани НОБ “Роғун” аз марҳалаи ҳозира боз $6,29 млрд лозим аст. Ин арзиши умумии таърихии “Роғун” нест; ин маблағест, ки аз ин ба баъд барои анҷоми сохтмон зарур аст. Тибқи додаҳои мақомоти Тоҷикистон то имрӯз барои сохтмони “Роғун” ҳудуди  $4 млрд масраф шудааст. Истеҳсоли пешбинишудаи ин НОБ баъди пурра ба истифода дода шуданаш 14,4 млрд кВт·соат дар сол хоҳад буд.

IRENA — (International Renewable Energy Agency, ё Оҷонси байналмилалии энержии барқароршаванда) мегӯяд, соли 2024 арзиши миёнаи сохтмони нерӯгоҳи бузурги офтобӣ дар ҷаҳон $691 барои ҳар 1 кВт иқтидор буд. Аммо чун қимати нерӯгоҳҳои барқӣ бисёр бо суръат поин мераванд, ин нарх дар соли 2025 то $599 барои ҳар 1 кВт иқтидор поин рафт. Агар суръати поинравӣ ҳамин тавр идома ёбад, дар соли 2026 нархи нерӯгоҳи офтобӣ барои ҳар 1 кВт иқтидор метавонад то  $520 поин равад. 

Аммо мо барои тахминӣ нашудани ҳисоб, қимати тасдиқшудаи соли 2025-ро интихоб мекунем. Агар шартан ҳамин $6,29 млрд, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои анҷоми “Роғун” зарур медонад, барои нерӯгоҳи офтобӣ масраф шавад, чунин натиҷа ба даст меояд: $6,29 млрд ÷ $599/кВт ≈ 10,5 ГВт иқтидори офтобӣ.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтидори ниҳоии “Роғун” 3,78 ГВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи он тақрибан 14,4 млрд кВт·соат хоҳад буд; барои анҷоми лоиҳа тақрибан $6,29 млрд лозим аст.

Ҳоло истеҳсоли офтобиро ҳисоб мекунем. Барои он ки муқоиса бо ҳисоби пешина яксон монад, аввал коэффитсиенти миёнаи ҷаҳонии офтобии IRENA — тақрибан 17,4%-ро мегирем: 10,5 ГВт × 8760 × 17,4% ≈ 16,0 млрд кВт·соат дар сол. Рақами 8760 – ин ҳисоби соатҳо дар сол аст. (365*24=8760)

Ҳатто бо коэффитсиенти миёнаи ҷаҳонӣ (дар ҳоле, ки Тоҷикистон хеле болотар аст) иқтидори “Роғун” тақрибан 3,78 ГВт ва нерӯгоҳи офтобӣ ҳудуди 10,5 ГВт хоҳад буд. Истеҳсоли солонаи онҳо бошад, мутаносибан 14,4 млрд кВт/соат ва ҳудуди 16 млрд кВт/соат хоҳад буд. Яъне, бо нархи 2025, ҳатто бо нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонии 17,4%, ҳамон $6,29 млрд метавонад дар офтобӣ тақрибан 1,6 млрд кВт·соат бештар барқи солона диҳад.

Аммо Тоҷикистон бинобар офтобӣ будан, аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ болотар аст. Агар коэффитсиенти воқеии 20–22% гирем, ҳамон 10,5 ГВт чунин натиҷа медиҳад: 

20% → тақрибан 18,4 млрд кВт·соат дар сол
22% → тақрибан 20,2 млрд кВт·соат дар сол

Яъне, фарқ хеле ҷиддитар мешавад:

“Роғун” → 14,4 TWh
Нерӯгоҳи офтобӣ, CF (коифитсиент) 20% → 18,4 TWh.
Нерӯгоҳи офтобӣ, CF 22% → 20,2 TWh.

Аз рӯи формулаи “як доллар → чанд кВт·соат истеҳсоли солона”, нерӯгоҳи офтобӣ метавонад бо ҳамон сармоя нисбат ба истеҳсоли ниҳоии “Роғун” тақрибан 28–41% бештар барқ диҳад.

Аммо нерӯгоҳи офтобӣ наметвонад шабона барқ истеҳсол кунад, бинобар ин барои таъмини шабонаи барқ, ботрӣ лозим дорад, то онро захира карда, шабонгоҳ содир намояд. Бинобар ин ба қимат бояд ботриҳо ҳам изофа шаванд. 

Инак, “Роғун” 14,4 TWh дар сол барқ медиҳад. Ба ҳисоби миёна ин тақрибан баробари 14,4 TWh ÷ 8760 ≈ 1,64 ГВт қувваи миёнаи ҳамешагӣ аст. Агар хоҳем ҳамин 1,64 ГВт-ро баъди ғуруби офтоб барои 4 соат таъмин кунем, ба мо тақрибан: 1,64 × 4 ≈ 6,6 GWh энергияи қобили истифода лозим мешавад.

IRENA барои соли 2025 арзиши миёнаи ҷаҳонии BESS (Battery Energy Storage System — системаи захиракунии нерӯи барқ бо батареяҳо)-ро тақрибан $171/кВт·соат мегирад. Агар самаранокии round-trip (самаранокии пурраи давраи захира ва бозпас гирифтани энержи) -и ботриро тақрибан 90% гирем, барои гирифтани 6,6 GWh барқи воқеӣ тақрибан 7,3 GWh иқтидори ботри лозим мешавад. Танҳо қимати ботрӣ тақрибан: 7,3 млн кВт·соат × $171 ≈ $1,25 млрд тамом мешавад. Ғайри ин, бояд тақрибан 10% талафоти ботриро ҳам ҷуброн кунем.

Бо ҳамин усули дақиқтар ҳисоб чунин мешавад:

СистемаCF 20%CF 22%
Танҳо офтоб, 14,4 TWh$4,92 млрд$4,48 млрд
Офтоб + ботрии 4-соата~$6,26 млрд~$5,81 млрд
Офтоб + ботрии 8-соата~$7,60 млрд~$7,14 млрд
Офтоб + ботрии 12-соата~$8,94 млрд~$8,47 млрд
“Роғун”$6,29 млрд$6,29 млрд

Содатар карда гӯем, бо ботрии 4-соата, дар сенориёи CF=20% арзиши нерӯгоҳи офтобӣ + ботрӣ тақрибан $6,26 млрд тамом мешавад — қариб айнан баробари $6,29 млрд-и “Роғун”. 

Агар CF=22% бошад: ~$5,81 млрд, яъне ҳатто бо ботрии 4-соата тақрибан $480 млн арзонтар аз $6,29 млрд. Аммо агар хоҳем 8 ё 12 соати захира дошта бошем, офтоб + ботрӣ аз “Роғун” гаронтар тамом мешавад.

Аз тарафи дигар, арзиши худи барқи нав низ тағйир ёфтааст. Дар гузориши нави IRENA барои соли 2025:

Нерӯгоҳи офтобӣ → $44/MWh = 4,4 сент/кВт·соат

Нерӯгоҳи обӣ → $62/MWh = 6,2 сент/кВт·соат

Хулоса, агар танҳо истеҳсоли солонаи барқро муқоиса кунем, бо $6,29 млрд нерӯгоҳӣ офтобӣ метавонад тақрибан 16–20 млрд кВт·соат барқ диҳад, дар ҳоле ки истеҳсоли миёнаи солонаи “Роғун” 14,4 млрд кВт·соат пешбинӣ шудааст. Барои истеҳсоли худи 14,4 TWh нерӯгоҳи офтобӣ, тақрибан ба $4,5–4,9 млрд ниёз дорад. Агар 4 соати ботрӣ низ илова шавад, арзиши умумӣ тақрибан $5,8–6,3 млрд мешавад — яъне ба маблағи боқимондаи сохтмони “Роғун” хеле наздик. Аммо барои 8–12 соат захира нерӯгоҳи офтобӣ + ботрӣ гаронтар тамом мешавад ва ҳанӯз қобилияти захираи чандрӯза ё мавсимии обанборро пурра иваз намекунад.

Ва ҳатто ботрии 12-соата ҳанӯз қобилияти пурраи “Роғун”-ро нахоҳад дошт. Обанбор метавонад энержиро на танҳо аз рӯз ба шаб, балки байни рӯзҳо ва то андозае байни мавсимҳо нигоҳ дорад. Яъне 14,4 млрд кВт·соати “Роғун” ва 14,4 млрд кВт·соати офтобӣ маҳсулоти энергетикии ҳамсон нестанд. “Роғун” метавонад шабона барқ диҳад, истеҳсолро мувофиқи талабот зиёд ё кам кунад, басомад ва шабакаро танзим намояд. Бонки Ҷаҳонӣ низ махсус қайд мекунад, ки “Роғун” метавонад ба мувозинати манбаъҳои тағйирёбандаи офтоб ва бод кумак кунад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯгоҳи офтоби бартарии муҳими дигаре дорад: шарт нест 10,5 ГВт-ро дар як нуқта ва якбора сохт. Метавон онро ба даҳҳо ё садҳо нерӯгоҳ тақсим кард, дар минтақаҳои наздик ба марказҳои истеъмол сохт ва марҳила ба марҳила ба шабака ворид намуд. Ин метавонад хавфи сохтмон, баъзе хароҷоти интиқол ва талафоти барқро кам кунад.

Аммо оё бо ҳамин муқоисаро метавон ҷамъбаст кард?

На. “Роғун” танҳо нерӯгоҳи истеҳсоли барқ нест. Обанбори он метавонад тақрибан 13,3 миллиард метри мукааб об захира кунад. Ин ба Тоҷикистон имкони танзими ҷараёни обро медиҳад, ки омили қудратманди геополитикист.

Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва афзоиши талабот ба об аҳамияти захираҳои обиро дар Осиёи Марказӣ бештар мекунанд, арзиши “Роғун”-ро танҳо бо нархи як киловатт-соат чен кардан дуруст нест. Обанбор метавонад дар оянда аҳамияти иқтисодӣ ва стратегии на камтар аз худи нерӯи барқ пайдо кунад.

“Роғун” бояд сохта шавад. Аммо шаффоф, аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳисобшуда ва бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон.

Абдуманнон Шералӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.