Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

Ӯ зимни нишасти хабарӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бисёре аз таҳримҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқат надоранд ва набояд ҳамчун воситаи ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ истифода шаванд. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи Тоҷикистон ин аст, ки таҳримҳо на ба кишваре, ки онҳоро ҷорӣ мекунад, суд меоранд ва на ба кишваре, ки таҳти таҳрим қарор мегирад.

Изҳороти сафири Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки танишҳо миёни Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Эрон дар моҳҳои охир шиддат гирифтаанд. Аз охири моҳи феврали соли 2026 Амрико ва Исроил силсилаи ҳамлаҳоро ба мавқеъҳои низомӣ, зерсохторҳои мушакӣ ва бахшҳое аз барномаи ҳастаии Эрон оғоз карданд. Вашингтон ва Тел-Авив мегӯянд, ҳадафи онҳо ҷилавгирӣ аз густариши барномаи ҳастаии Эрон, маҳдуд кардани тавоноии мушакӣ ва коҳиши нуфузи низомии Теҳрон дар минтақа будааст. Эрон ин ҳамлаҳоро нақзи соҳибихтиёрии худ дониста, онҳоро рад карда ва бо ҳамлаҳои ҷавобӣ ба мавқеъҳои ИМА ва ҳампаймонҳои он дар минтақа посух додааст.

Тоҷикистон аз оғози даргириҳо мавқеи эҳтиёткорона пеш гирифтааст. Душанбе борҳо аз роҳи ҳалли дипломатии низоъ ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки баъд аз оғози ҳамлаҳо ба Эрон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона фиристод. Ин кумакҳо доруворӣ, маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти заруриро дар бар мегирифтанд.

Дар солҳои охир равобити Тоҷикистону Эрон ба таври назаррас густариш ёфтааст. Мақомоти ду кишвар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ низ афзоиш ёфтааст.

Изҳороти ахири сафири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Душанбе дар баробари идомаи муносибатҳои наздик бо Эрон, сиёсати мухолифат бо таҳримҳои якҷонибаро низ идома медиҳад ва аз ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ тавассути муколама ва роҳҳои дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 ба баъд барои чанд сол сард шуданд. Душанбе Теҳронро ба ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам мекард ва расонаҳои давлатии кишвар чандин филму гузоришҳоро бо чунин мазмун пахш намуданд. Эрон ин иддаоҳоро рад мекард. Бо рӯи кор омадани президенти вақти Эрон Иброҳим Раисӣ дар соли 2021 равобити ду кишвар тадриҷан беҳтар шуд ва ҷонибҳо ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро аз сар гирифтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.