Раиси Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Толибон ба манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон рафта, аз марзбонон хостааст, ки “назорат дар сарҳадотро беҳтар” кунанд.
Бино ба иттилои Вазорати дифои Толибон, Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Толибон барои тақвияти назорати марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистон аз чанд минтақаи марзӣ дидан кардааст.
Вазорати дифои миллии Афғонистон бо раҳбарии Толибон мегӯяд, қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба вулусволиҳои сарҳадии Вохон, Ишкошим ва Зибоки вилояти Бадахшон рафта, бо масъулин дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Ба қавли манбаъ, дар ин дидор, “талошҳои хастагинопазири шабонарӯзии нерӯҳои урдуи исломии миллиро дар ростои ҳифозат аз сарҳадот ва тамомияти арзии кишвар қадрдонӣ намуда, ба дидани қатаъот ва ҷузвутомҳо” рафта, аз наздик бо онҳо шинос шудааст.
Раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Толибон аз марзбонони кишвараш хостааст, ки “ҷиҳати барқарории амнияти беҳтар дар сарҳадот” бештар талош кунанд. Ва марзбонони Толибон ҳам гуфтаанд, ки “қотеаона аз сарҳадоти кишвар дифоъ ва ҳиросат менамоянд.”
Гуфта мешавад, талошҳо ва таблиғоти Толибон барои барқарории амнияти бештар дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳоле густариш меёбад, ки ахиран бархе мақомоти Покистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии он Афғонистонро ба ноамн кардани ин кишвар муттаҳам карданд. Иддаъое, ки сухангӯи Толибон онро радд кардааст.