5.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон ҳамкориҳои байни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми августи соли 2023 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти ин дидор, “ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Гуфта мешавад, Муҳаммадтақии Собирӣ, яке аз сафирҳои муваффақи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки пас аз оғози даврони сард шудани равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард. Дар замони сафир будани ӯ, равобити Душанбе ва Теҳрон марҳила ба марҳила беҳтар шуд.

Дар ин дидор, ки ба муносибати поёни фаъолиятҳои дипломатии сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам бо сипосгузорӣ аз фаъолиятҳои пурсамари Муҳаммадтақии Собирӣ аз вай ташаккур ва сипосгузорӣ карда, “изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар” кумак хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

БАТР барои сарфаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон $43 млн медиҳад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи "Кам намудани талафоти нерӯ" ба Тоҷикистон 43 миллион евро кумак мекунад.

Мудири кӯдакистон ва мураббӣ барои марги кӯдаки 2-сола маҳкум ба зиндон шуданд

Дар шаҳри Душанбе як мудири боғчаи кӯдакон ҳамроҳи як мураббӣ барои беэҳтиётӣ кардан дар тарбияи кӯдакони боғча ба зиндон маҳкум шуданд.

Чаро марги коргарони афғон дар конҳои ангишити Тоҷикистон таҳқиқ намешавад?

Ҷасади шаш коргари афғон, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар дохили як кони ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷон дода буданд, ба зодгоҳҳояшон бурда шуданд.

Миёни Русияву Тоҷикистон раводид ҷорӣ мешавад?

Вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.