10.9 C
Dushanbe

Оғози баррасии шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров пушти дарҳои баста

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии адвокати шинохтаи тоҷик ва маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро имрӯз, 1-уми сентябр дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе баррасӣ дорад.

Ҷамшед Ёров, бародари ин маҳбуси сиёсӣ ва раҳбари Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки баррасии шикояти Бузургмеҳр Ёров аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста гузашта истодааст.

Ба гуфтаи Ёров, чун мурофиа пушти дарҳои баста аст, маълум нест дар он чӣ мегузарад. Аммо Ёров таъкид кард, ки “Ба эҳтимоли зиёд бинобар номустақил будани Додгоҳи олии Тоҷикистон ва яктарафаву сиёсӣ будани парвандаи Бузургмеҳр Ёров, шикояти кассатсионии ӯ аз ҷониби додгоҳ рад шуда, он дар як рӯз баррасӣ хоҳад шуд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров боз даҳ соли дигар илова карда буд, ки мувофиқи ин ҳукм ин маҳбуси сиёсӣ бояд 20 соли дигар дар зиндон бимонд.

Додрас дар он мурофиа, ки дар Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар донист. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар муҳокимаҳо сохта номида буд. 

Инчунин Бузургмеҳр Ёров бо навиштани номае аз дохили зиндон гуфта буд, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Он замон пайвандони Бузургмеҳр Ёров иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, гуфтанд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Он замон додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби 11 соли зиндон барои сардори дидбонгоҳ пас аз марги сарбоз

Додситонии низомии шаҳри Кӯлоб сардори собиқи дидбонгоҳи сарҳадии "Шоҳон" Юсуф Мирзоевро, дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола гунаҳкор донист.

Садҳо муҳоҷирро дар Маскав аз хобгоҳ ронданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасад, шикоят доранд, ки онҳоро аз хобгоҳе дар шаҳри Маскав берун кардаанд.

Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муҳоҷирон созишномаи нав имзо мекунад

Дар пасманзари коҳиши нерӯи корӣ дар Русия, мақомоти ин кишвар талош доранд бо тасдиқи созишномаи наве муҳоҷирони бештареро аз Тоҷикистон вориди бозори кор кунанд.

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.