Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар Осиёи Марказӣ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

_______________________________________

Имрӯз, 17 октябр Марко Рубио, котиби давлатӣ, ё ба қавли маъмул дар ҷаҳон, вазири умури хориҷаи Амрико вориди Узбекистон мешавад. Қарор аст ӯ дар нишасти С5+1 муташаккил аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон + Иёлоти муттаҳидаи Амрико ширкат кунад. Коршиносон ин нишастро муҳимтар ва таърихитар аз нишастҳои қаблии ин формат медонанд ва интизор доранд дигаргуниҳое дар минтақа баъди ин нишаст рақам хӯрад. 

Таваҷҷуҳи Амрико ва на танҳо Амрико ба Осиёи Марказӣ бинобар тазъифи таъсири Русия дар минтақа афзоиш ёфтааст. Аз як тараф, агар Амрико дастёбӣ ба маъодини камёби минтақаро муҳим медонад, аз тарафи дигар афзоиши таъсир дар минтақае, ки “зери бинии” рақиби пурқудраташ – Чин қарор дорад, барояш қартаҳои муҳиме медиҳад. Ҳарчанд бархе коршиносон ба ин назаранд, ки Амрикову Аврупо дар густариши ҳамкориҳо бо ОМ каме дер кардаанд, чун Чин мавқеъаш дар минтақаро то ҳаде қавӣ карда, ки дигар ҳеҷ қудрате наметавонад бештар аз онро орзу кунад, ба назар мерасад Амрико ин дафъа бо ҷиддияте бештаре вориди минтақа шуданист.

Қаблан агар Амрикову Аврупо густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаро машрут ба густариши демокросӣ ва ҳуқуқи инсон менамуданд, чанд соли охир талаботи онҳо дар ин самт хеле камтар шуда ва ба назар мерасад ин дафъа дар ин бора гуфтушуниди камтаре хоҳад буд. Рубиоро ҳудуди 250 намояндаи бизнесҳои Амрико ҳамроҳӣ мекунанд. Вақте ҳайате шаклгирифта танҳо аз намояндагони бизнес ва он ҳам ба ин бузургӣ вориди минтақа мешавад, ҳадафи аслӣ имзои тавофуқҳои ҳарчи бештар бо бизнеси маҳаллӣ ва давлатҳои минтақа аст, ки шартҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башарро ё берун аз дари толорҳои гуфтугӯ қарор хоҳад дод ва ё дар ин бора танҳо барои матбуот сухан хоҳанд гуфт. 

Ин ду масъала, яъне демокросӣ ва ҳуқуқи башар дар худи Ғарб вориди мушкил шуда ва дар гумон аст Амрикои трампӣ ба хотири он фурсати хубе дар Осиёи Марказиро, ки бо гирифтории Русия дар ҷанги Укроин пеш омада, аз даст бидиҳад. Аз тарафи дигар, тазъифи мавқеъи Амрико дар Ховари Миёна дар натиҷаи ҷанг бо Ирон ин кишварро водор барои тақвияти мавқеъаш дар минтақаи муҳими дигаре кардааст. Ҳамчунин, роҳ уфтодани шоҳроҳи нави тиҷорӣ байни Осиёву Аврупо бо давр задани Русия наметавонад таваҷҷуҳи ИМА-ро, ки мекӯшад дар ҳама пружаҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳаддиақал ширкат дошта бошад, бетараф гузорад. 

Табиист, ки Амрико танҳо ва танҳо барои манофеъи худаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Аммо оё кишварҳои минтақа мехоҳанд ва метавонанд аз ин фурсати воқеъан таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд, то баъди раҳоӣ аз султаи Русия зери султаи дигаре нараванду рақобати ду абарқудрати ҷаҳонӣ ва чанд қудрати минтақавиро ба нафъи худ истифода кунанд?

Он чи аз тасмиму амалкардҳои мақомоти Узбекистон ва то ҷое Қазоқистон дар ин авохир бармеояд, онҳо на танҳо мекӯшанд аз ин фурсати хуб то ҳади имкон истифода баранд, балки дар фароҳам шудани ин фурсат кӯшидаанду саҳм доранд: зимни мулоқот дар Ню Йорк дар сентябри соли гузашта Мирзиёев Трампро ба Узбекистон даъват кард. Дар августи соли ҷорӣ зимни гуфтугӯи телефонӣ раисҷумҳури ҳамсоякишвар ин даъваташро такрор намуд. Аввали моҳи ҷорӣ, аниқтараш октябр намояндаи вижаи раисҷумҳури ИМА оид ба ҳамкориҳои ҷаҳонӣ Паоло Замполли ба телевизиони Узбекистон аз майли Трамп барои сафар ба ин кишвар хабар дод. Худи Узбекистон, бо истифода аз гирифтории Русия дар ботлоқи ҷанги Укроин ҳар фурсати муносибро барои камтар кардани вобастагияш аз ин кишвар истифода мекунад.

Иқдомоте ба ин монанд ҳарчанд аз се кишвари дигар камтар мушоҳида шуда, ё аслан мушоҳида нашудааст, ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки ин кишварҳо дар пайи нафъбардорӣ аз шароити бавуҷудомада набошанд. 

Дар гумон аст Русия дигар тавонад мавқеъи ҳатто 5 соли қаблаш дар Осиёи Марказиро баргардонад, балки имкони ҳифзи мавқеъи ҳозирааш зери суол аст. Бо гумони ғолиб раванди камшавии таъсири Русия дар минтақа як раванди бебозгашт ва ҳатто барои чанд соли оянда афзоишёбанда аст. Аммо ин ки Амрикову Аврупо тавонанд вориди рақобати баробар бо Чин шаванд, ҷои суол аст.  

Чун дар муносиботи байналмиллалӣ иқтисод ҳарфи аввалро мезанад, биёед муносиботи иқтисодии кишварҳои ОМ бо Чину ИМА-ро муқоиса кунем.

Тавозуни ҳузури иқтисодии Чин ва ИМА дар Осиёи Марказӣ

Маблағҳо бо доллари ИМА. «млрд» — миллиард.

КишварҚудратДодугирифти тиҷорӣ, 2025СармоягузорӣШиркатҳоҚарзи давлатӣ
ҚазоқистонЧин48,7 млрд11,4 млрд6 408Қарзи мустақим сабт нашудааст
 ИМА5,1 млрдЗиёда аз 60 млрдЗиёда аз 600Қарзи мустақим сабт нашудааст
УзбекистонЧин17,2 млрд10,7 млрд6 0603,76 млрд
 ИМА1,05 млрдЗиёда аз 2,9 млрд*340Қарзи мустақим сабт нашудааст
ҚирғизистонЧинтақр. 27,2 млрд2,1 млрд931**1,50 млрд
 ИМА187 млнМаълумот дастрас нестМаълумот дастрас нестҚарзи мустақим сабт нашудааст
ТоҷикистнЧин4,3 млрд2,2 млрдЗиёда аз 700Тақр. 750 млн
 ИМА37,7 млн81,9 млн***Маълумот дастрас нестҚарзи мустақим сабт нашудааст

Ҳамон гуна ки дар ҷадвал мебинед, ҳузури иқтисодии ИМА дар ОМ нисбати Чин бисёр камранг аст. $97.4 млрд.и Чин дар муқобили $6,37 млрд.и ИМА, яъне фарқи беш аз 15 баробарӣ дар додугирифт. Ҳатто бо вуҷуди ҷиддан ворид шудани ИМА ба бозори ОМ, рақобат баробар нахоҳад буд ва бо дарназардошти чанд масъала, аз ҷумла ҳамсоя будани Чин, лоббии бисёр қавиаш дар кишварҳо, қарзҳои бузург ва ҳамчунин сармоягузориҳои бузурги мустақим дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти хом, дар гумон аст дар минтақа Амрико рӯзе бо Чин рақобати баробари иқтисодӣ карда тавонад. Аммо вуруди 200 намояндаи бизнесҳои бузурги Амрико ва имзои шартномаҳо бо онҳо, ҳатман ин таносубро тағйир хоҳад дод.   

Дар бахши сиёсӣ ҳам вазъ ба нафъи Амрико нест, чун Чин бештар бо усули шарқӣ – барқарории муносибот (аз ҷумла моливу пулӣ) бо афроди таъсиргузор аз хонаводаҳои ҳоким рафтор мекунад, дар ҳоле, ки Ғарб ин усулро ё нодида мегирад ё бинобар надоштани таҷриба аз он сарфи назар менамояд.

Агар қаблан дар бахши амниятӣ Амрико ҳарфи аввал дар ҷаҳонро мезад, ҳоло чунин нест ва чанд соли охир Чин нишон дод, ки на танҳо метавонад дар истеҳсоли силоҳҳо ҷои Амрикоро танг кунад, ҳамчунин қодир аст амнияти кишварҳои дӯсташро таъмин намояд.

Бо ин вуҷуд, вориди минтақа шудани Амрико рақобати (ҳарчанд нобаробари) ду абарқудрат дар минтақаро рақам хоҳад зад. Дар ин рақобат на танҳо ду тарафи он – Чину ИМА – нафъ бардоранд, тарафи сеюм ҳам вуҷуд дорад, ки метавонад бештар аз он ду манфиъат бинад – кишварҳои Осиёи Марказӣ. Танҳо чизе, ки аз онҳо талаб мешавад – сиёсати мустақил ва инъитофапазирӣ (гибкость) аст.

Абдуманнон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.