-0.1 C
Dushanbe

Боздошти писари ректори Донишгоҳи славянӣ

Пулиси шаҳри Душанбе Файзулло Комёб Машраби 18-cола ва Аҳтамзода Оятулло Хушбахти 19-cоларо боздошт кардааст. 

Ин ду ҷавон гумонбарони аслии ҳодисаи тасодуфи нақлиётии шаби 21-уми сентябр, ки бар асари он овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов ҳалок шуд, мебошанд. 

“Азия-Плюс” дар истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки  аз рӯи ин ҳодисаи тасодуф мутобиқи моддаи 212, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва то ҳол гунаҳкори асосӣ маълум нашудааст. 

Дар ҳолати исботи гуноҳ, ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба Комёб ва Хушбахт то 5 солии зиндон ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми сентябр соатҳои 22:30 дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и шаҳри Душанбе ду мошини гаронарзиши “Lexus RX350” бо ҳам бархӯрда, Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кардаанд.  

Пайвандони овозхони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Некрӯз дар пайи зарбаи сахти мошин ба ҷӯйбори канори роҳ афтида, асосан аз сараш захм бардоштааст. Ӯро ронандаи таксӣ ба беморхона овард ва субҳи 22-юми сентябр овозхон дар Беморхонаи “Қарияи боло” даргузашт ва ҷасади ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурданд.

Гуфта мешавад, ки яке аз ронандагон Комёб Файзулло 18-сола, писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Файзулло Машраб Файзулло мебошад. То ҳол назари ректори Донишгоҳ дастраси расонаҳо нашудааст. 

Нафари дуввум, ки аз ӯ Аҳтамзода Оятулло Хушбахт ном бурда мешавад, маълум нест, ки писари кӣ аст ва оё касе аз пайвандонаш дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунанд ё на. 

Тибқи хабарҳои охир, Комёб ва Оятулло ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, дар гурӯҳҳои ҷудогонаи як курс таҳсил мекунанд ва ҳоло ки дар ҳабс қарор доранд, вақти пурсиш гуноҳро ба дӯши ҳамдигар вогузор кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки номи писарони мансабдорон дар робита ба тасодуфҳои нақлиётӣ расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ, писари Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон садамаи маргбор сурат гирифт, ки дар пайи он се нафар ҷон бохт. Инчунин дар як тасодуфи дигар, ки соли 2016 бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, собиқ муовини аввали нахуствазир ва раиси феълии вилояти Хатлон рух дод, ду нафар ҳалок шуда буданд.

Дар садамаи якум мақомот гуфта буданд, ки ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса Расули Амонулло дар сари чамбараки мошин набуд. Дар садамаи дуюм мақомот мошинро айбдор карда гуфта буданд, ки садама бар асари мушкилоти техникии мошин сар задааст ва Фаромузро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашиданд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.