25.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз Қатар хост то 4 ҳазор муҳоҷир тоҷикро қабул кунад

Тоҷикситон аз давлати Қатар хост, дар лоиҳаҳои бузургу стратегии кишвар сармоягузорӣ кунад ва инчунин то 4 ҳазор муҳоҷири тоҷикро бипазирад.

Тавре расонаҳои ҳукуматии ду кишвар хабар доданд, 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар нишасти чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гашт.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода ва ҷониби Қатарро вазири тиҷорат ва саноати он Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ намояндагӣ мекарданд.

Ба иттилои расонаҳо, зимни мулоқоти навбатии Комиссияи муштарак баъзе санадҳои лозимӣ ба имзо расид. Ва бар мабнои тавофуқоти ҳосилшуда, давлати Қатар аз омодагии худ барои сармоягузории васеъ дар Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳамчунин зимни мулоқот, ҷониби Тоҷикистон аз кишвари Қатар хоста, ки дар якчанд лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла дар “сохтмони НБО “Роғун”, лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО)” маблағгузорӣ кунад.

Дар идома мақомоти тоҷик аз мақомоти Қатар дархост карданд, ки сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро идома дода, ҳамчунин дар сохтани биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбеву Давҳа саҳмгузорӣ кунанд.

Нуктаи аз ҳама муҳими ин нишаст ин буда, ки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз кишвари Қатар хостааст, ки то 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири корӣ қабул кунад.

Кишвари Қатар ҳам мақомоти тоҷикро итминон дода, ки пас аз омӯзиши масоили гуфташуда, эҳтимол маблағгузорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҷалби сармояи хориҷӣ байни кишварҳо як амри маъмулӣ аст, вале талаби як кишвар аз кишвари дигар барои қабули шаҳрвандонаш ҳамчун муҳоҷирони корӣ, ин баёнгари заъфи иқтисод ва вобастагии шадиди он ба кишварҳои дигар ва маблағи муҳоҷиронаш аст.

Мувофиқи оморҳои Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон асосан бо маблағи муҳоҷирон, ки аз Русия ва дигар кишварҳо мефиристанд, мечархад. Соли ҷорӣ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузорише гуфтанд, ки маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ сеяки Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи таҳлилгарон, оморҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки наздики 3 миллион қувваи кории Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва бо вуҷуди ин, мақомоти тоҷик боз ҳам мехоҳанд ин шумораро афзоиш бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.