Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кард

Ба гузориши расонаҳои лаҳистонӣ, Нерӯҳои марзбонӣ ва Амнияти дохилии Лаҳистон дар як амалиёти муштарк як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз Лаҳистон ихроҷ кардаанд.

Департаменти Амнияти Миллии дафтари Сарвазири Лаҳистон субҳи рӯзи 13-уми декабр дар як баёния аз боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ва ихроҷи ӯ аз ин кишвар хабар дод. Мақомоти Лаҳистон ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми “таҳдид ба амнияти миллӣ” боздошт намуда, 10-ми декабр ихроҷ кардаанд, вале аз ҷузиёти ихроҷаш хабаре нест.

Радиои Лаҳистон аз қавли Ожонси Амнияти дохилии Лаҳистон хабар медиҳад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон рафторҳои ифротгароёна дошта ва дар гузашта дар фаъолиятҳои даҳшатафканона ширкат доштааст ва ҳамзамон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дошт, ки Лаҳистон низ ӯро дар рӯйхати пайгарди дохили ва афроди “номатлуб” ҷой дод.

“Мақомоти Лаҳистон ин шаҳрванди Тоҷикистонро барои 10 сол аз ин кишвар ва кишварҳои Иттиҳои Аврупо (минтақаи ШЕНГЕН) ихроҷ кардааст ва дар ин муддат ӯ ҳаққи бозгашт ба Аврупоро нахоҳад дошт.“, омадааст дар гузориши Радиои Лаҳистон.

Дар расонаҳои лаҳистонӣ ва баёнияи мақомоти ин кишвар ҷузиёти ихроҷи ин шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ном насаб ва ин ки ӯ паноҳанда буд ё муҳоҷири корӣ чизе гуфта намешавад.

Ин бори аввал нест, ки Лаҳистон шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели “ифротгароӣ” ва ё “ширкат дар гурӯҳҳои даҳшатафкан” ихроҷ мекунад. Аз ин қабл низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба далоили мушобеҳ ихроҷ карда буд.

Ҳамзамон чанде пеш мақомоти Олмон низ як узви “Гурӯҳи 24”, Билол Қурбоналиевро низ ба далели камбуд дар асноди будубош ба Тоҷикистон истирдод кард. Ин кишвар моҳи январи соли ҷорӣ низ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, як узви фаъоли ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон ихроҷ кард, ки ӯ ҳангоми расидан ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ боздошт ва баъдан ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.