16.9 C
Dushanbe

Бурду бохтҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023

Мавзӯъҳои асосии иқтисодӣ дар соли 2023 низ ҳамон мавзӯъҳои кӯҳна боқӣ монданд ва ҳама “пешрафтҳо” ва бурду бохтҳо ба ҳамин чанд ҷанба, ки иқтисоди Тоҷикистон ё ба он вобаста аст ва ё аз он умед дорад, бастагӣ доштанд.

Чанд соли охир ба манбаъи асосии даромади кишвар – пули муҳоҷирони корӣ чанд манбаъи дигар илова шудааст, аммо ҳамоно муҳоҷирон гардонандаи аслии мошини иқтисоди кишвар боқӣ мемонанд. Албатта, кӯшиши мақомот ҳам барои камтар нишон додани саҳми муҳоҷирон бетаъсир набуд.

Дар ҳамин ҳол, бо фарқ аз пули муҳоҷирон, ки намешавад мустақиман барои иҷрои нақшаи буҷа ё пардохти қарзҳои давлатӣ истифода бурд, манобеъи дигар тавонистаанд дар ин ду самт таъсир гузоранд. То ҷое, ки соли равон нақшаи даромади буҷа барзиёд иҷро ва қарзи хориҷии кишвар ҳам камтар шудааст. 

Мавзӯъи дигари иқтисодӣ, ки ҳамеша дар сархати расонаҳо ва баҳсҳои ҳукумат қарор дорад, “сохтмони аср” дар кишвар, яъне Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” ва дар радифи он норасоии ҳамешагии барқ дар кишвар аст, ки имсол ҳам гарм боқӣ монд.

Тилло ҷои пули муҳоҷир…

Чаҳор соли охир тавозуни содироту воридоти Тоҷикистон тағйироти мусбатеро шоҳид буд ва ҳатто бори аввал дар таърихи кишвар дар соли 2021 содирот аз воридот пешӣ гирифт. Дар ҳоле, ки ҳамеша тавозун се бар як ба нафъи воридот буд. Ин “ҷаҳиш” мадюни захоири тиллои кишвар аст, ки ҳукумат маҷбур шуд онро ба фурӯш гузорад. Дар натиҷа Суис ду сол шарики иқтисодии рақами дувуми Тоҷикистон гардид ва ҳаҷми фурӯши тилло ба як миллиард доллар ё сеяки буҷаи кишвар наздик шуд. Сабаби аслии даст ба фурӯши захоир задани ҳукумат дар ин солҳо албатта, коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон буд, ки ба он пандемии вируси коруно ва баъдан шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин боис шуд. 

Аммо соли ҷорӣ фурӯши тилло, ки аз он расман “содироти металлҳои гаронарзиш” ном бурда мешавад, тақрибан қатъ шуд ва тибқи додаҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 350 баробар камтар шудааст: $500 ҳазор дар муқобили $175 млн. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 нуқтаи авҷи фурӯши тилло набуд ва агар ин нишондиҳанда бо ҳамин давраи соли 2020 муқоиса шавад, фарқ бештар аз 800 баробар мешавад. Он замон кишвар ба маблағи беш аз $400 млн тилло содир карда буд.

Бо вуҷуди фурӯши тилло ба хориҷ, кишвар дар соли 2022 тавониста буд ҳаҷми захоирашро 4 тонна афзоиш диҳад ва тибқи иддаои Бонки миллӣ, соли гузашта ин захоир бештар аз стандарти кифоияти байналмиллалӣ буданд. Ҳамчунин тибқи додаи Бонки ҷаҳонӣ, захираи тиллову арзии кишвар ба маблағи $3,8 млрд афзоиш ёфта буд. Қатъи фурӯши тилло дар соли ҷорӣ бо гумони ғолиб ҳаҷми ба маротиб бештари онро ба хазинаи кишвар илова кардааст, ҳарчанд ҳанӯз омори расмӣ дар ин бора нашр нашудааст.  

Метавон гуфт, соли ҷорӣ дар бахши коркард ва захирасозии тилло барои кишвар тиллоӣ буда, чун бар замми афзоиши ҳаҷми захоири он, 10 кони нави тилло кашф шуда ва қимати тилло ҳам дар чанд ҳафтаи охир 20 дарсад боло рафт. 

…ва пули муҳоҷир ҷои тилло

Сабаби қатъи содироти тилло аз ҷониби Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ афзоиши воридоти арз аз ҷанд манбаъ ном бурдааст, ки самти асосии он албатта, пули муҳоҷирон аст. 

Бо фарқ аз пешбинии аксари институтҳои байналмилалӣ, солҳои 2022 ва 2023 иқтисоди Русия ба ҷои рукуд пешрафт кард ва муҳоҷирон дар ин кишвар даромади чашмгире доштанд. Дар натиҷа интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ, аз ҷумла Тоҷикистон афзоиши қобили таваҷҷӯҳе дошт. Бонки марказии Русия дар оморе, ки дар ин ду сол ироа кард, аз зикри пулҳое, ки ба Тоҷикистон интиқол шуданд, худдорӣ кард ва Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки дар омор зикр нашуд. Ҳарчанд ҳамеша дар рӯйхати кишварҳои қабулкунандаи арз аз Русия дар мавқеъи дувум ё савум қарор дошт. Сабаби зикр нашудани Тоҷикистон дар омори БМ Русия маълум нест, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки ин худдорӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ва далелашон ҳам ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша кӯшидаанд саҳми пули муҳоҷирон дар иқтисоди кишварро камтар нишон диҳанд. 

Бо ин вуҷуд, Бонки ҷаҳонӣ ин рақамро ифшо карда ва нимаи соли ҷорӣ эълон кард, ки соли гузашта муҳоҷирон ба Тоҷикистон маблағи рекордии $5,2 млрд доллар интиқол додаанд, ки баробар ба 49 дарсади Маҷмӯъи маҳсулоти дохили кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Бонки ҷаҳонӣ ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷиронро ҳудуди 30 дарсади ММД медонист. Омори имсола ҳанӯз нашр нашуда, аммо пешбинӣ мешавад ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон нисбат ба соли гузашта бештар хоҳад буд. Далели аслии ин пешбинӣ ҳам қатъи тақрибан комили содироти тилло аст, ки 4 соли охир анҷом мешуд. 

Даромади беш аз нақшаи буҷа

Соли дувум аст қисми даромади буҷаи Тоҷикистон барзиёд иҷро мешавад, ки дар таърихи кишвар бесобиқа аст. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи буҷа ҳудуди 1 миллиард сомонӣ ё тақрибан $92 млн барзиёд иҷро шуд. Пешбинӣ мешавад дар нимсолаи дувум ҳам нақша барзиёд иҷро шавад, аммо бо чанд далел на дар сатҳи нимсолаи аввал.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта мақомоти кишвар дар молиёт чанд сабукӣ дода буданд, аз ҷумла андоз аз арзиши изофашуда (ААИ) аз 18 ба 15 дарсад коҳиш дода шуд. Мутахассисон пешбинӣ мекарданд ин сабукӣ метавонад иҷрои нақшаи даромади буҷаро камтар кунад, аммо вазъ баръакси пешбинии онҳо шуд.

Институтҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ сабаби барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷаро пеш аз ҳама дар афзоиши истихроҷи маъодини зеризаминӣ ва лағви бархе аз имтиёзҳо дар молиёт мебинанд.  Ҳамчунин афзоиши интиқоли ҳаҷми рекордии пул боиси афзоиши талабот дар бозори дохилӣ шудааст, ки дар натиҷа ҷамъоварии андоз низ бештар гаштааст.

…ва идомаи имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои хонаводагӣ

Ба коҳиши бархе имтиёзҳо дар молиёт вобаста донистани афзоиши даромади буҷа аз ҷониби Бонки молӣ дар ҳолест, ки анъанаи имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои “худӣ”, яъне мутааллиқ ба бастагони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон идома доштааст. 

Барои мисол, ширкати “Сомон Эйр” мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ имтиёз ба даст овардааст. Ин ширкат бо қарори ҳукумат ва тасдиқи парлумон аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ зимни воридсозии ҳавопаймоҳо, муҳаррики онҳо ва сӯзишвориву равғанҳо барои тайёраҳо озод шудааст. Гуфтанист, зарари буҷа аз напардохтани ААИ аз воридсозии танҳо як ҳавопаймо метавонад то 20 миллион доллар бошад (ҳавопаймоҳое, ки “Сомон Эйр” истифода мебарад, аз 90 то 160 миллион доллар қимат доранд).

Ба ҷуз “Сомон Эйр” чанд ширкати дигари мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур, аз ҷумла “Авесто Гурӯҳ” (моликаш Рустами Эмомалӣ) дар чанд самт, монанди воридоти мошинҳои барқӣ, “Сифат Фарма” (моликаш Парвинаи Эмомалӣ) ва ғайра имтиёз дар пардохти андозҳои асосӣ ба даст оварданд.

Пешбинии афзоиши қарзи хориҷӣ,.. 

Бо вуҷуди ин ки бинобар чанд омили дар боло зикршуда қарзи дохилии ҳукумати кишвар ҳудуди 100 миллион доллар коҳиш ёфт, мақомот пешбинӣ мекунанд, ки соли оянда қарзи хориҷии кишвар $140 млн афзоиш ёфта, ба $4,1 млрд бирасад. Ҳукумат қасд дорад ҳудуди $300 млн қарзи нав ҷалб карда ва каме бештар аз $250 млн қарзҳои кӯҳнаро пардохт кунад. 

Институтҳои байналмиллалӣ борҳо аз Тоҷикистон хостаанд сиёсати қарзгириашро бозбинӣ кунад, чун ҳаҷми бузурги қарзҳои давлатӣ яке аз хатарҳои асосӣ барои иқтисодӣ кишвар дар миёнамуддат боқӣ мемонанд.

…қарзу грантҳо наздики $2 млрд,..

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ ҳукумат тавонистааст ваъдаи грантҳои бузург дар ҳаҷми наздик ба $2 млрд дарёфт кунад. Бузургтарини онҳоро Бонки Авруосиёи Рушд, Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ (БОСЗ) ва Бонки Исломии Рушд (БИР) ваъда кардаанд. 

Қарор аст Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) байни солҳои 2023-2026 барои иҷрои пружаҳои авлавиятдор ба Тоҷикистон $650 млн ҷудо кунад.

Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ, ки аз бонкҳои чинист, ба сохтмони “Роғун” таваҷҷӯҳ карда ва ваъдаи қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми ним млрд долларро додааст. Бо вуҷуди ин ки қарз имтиёзнок гуфта шуда, ҳеҷ ҷонибе аз шартҳои он гузорише ироа накардааст. 

Бонки Исломии Рушд ҳам мисли БАОР ваъдаи грант барои иҷрои пружаҳои авлавиятдор дода, ки ҳаҷми он $450 млн гуфта мешавад. Ҳаҷми умумии танҳо ҳамин се қарзу грантҳои бузург ба $1,6 млрд мерасад, ки ғайр аз инҳо ҳукумати Тоҷикистон ваъдаи чанд қарзу гранти дигарро дарёфт кардааст. 

…ва таваҷҷӯҳ ба НОБ “Роғун”

Чин ягона кишваре набуда, ки ба сохтмони НБО “Роғун” таваҷҷӯҳ кардааст. Бар замми қарзи ниммилиардаи Чин ба “сохтмони аср”-и Тоҷикистон, Фонди рушди Арабистони саудӣ низ қарор аст $100 млн “қарзи имтиёзнок” диҳад. Дар ҳамин ҳол, шурути ин қарз низ ифшо намешаванд.

Бонки Авруосиёи Рушд низ тасмим гирифтааст барои сохтмони НБО “Роғун” 

$130 млн ҷудо намояд.  Ҳамчунин мақомоти кишвар бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Хазинаи рушди Абу Дабӣ, Хазинаи рушди Кувайт ва ғайра барои сармоягузорӣ дар Роғун гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Ҷолиб аст, ки баъди таваҷҷӯҳи ниҳодҳои байналмиллалӣ, ҳукумати Тоҷикистон маблағи бунёди НБО “Роғун”-ро якбора боло бурд. Соли 2008, вақте сохтмони НБО дубора шурӯъ шуд, қимати ин сохтмон $3 млрд эълон шуда буд. Соли 2016 маблағи нав эълон шуд: $3,9 млрд. Нимаи соли 2022 Вазорати энержӣ эълон кард, ки ҳаҷми маблағи зарурӣ барои НБО “Роғун” $5 млрд аст. Ҳоло ҳукумат ҳаҷми онро ба $6 млрд боло бурдааст.  

“Зарба”-и тилло ба тавозуни тиҷорати хориҷӣ…

Пас аз “муваффақияти беназир”-и иқтисоди кишвар, яъне коҳиши фарқи бузурги воридоту содирот, имсол ин тавозун ба шакли қадима баргашт. Яъне, фарқ байни содирот ва воридот дубора наздики се баробар шуд. 

Сабаби аслии аз даст додани “муваффақият”-и бесобиқа, қатъи фурӯши захоири тиллои кишвар буд ва Суис ҳам дар рӯйхати шарикони тиҷории Тоҷикистон ба даҳгонаи дувум фаромад.  

Дар ҳамин ҳол, тилло ягона сабабгори барқарории тавозуни манфии қаблӣ набудааст. Содироти алюминий, пахта ва мева низ дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. 

…ва таварруми болову мавқеъи поён дар радабандиҳо

Пули миллии кишвар – сомонӣ дар соли ҷорӣ 7 дарсади қимати худро аз даст дод ва таваррум низ ҳудуди ҳамин миқдор ҳисоб шудааст.

Тоҷикистон дар радабандии озодиҳои иқтисодӣ дар мавқеъи қаблии 146-ум боқӣ монд ва дар радабандиҳои дигари иқтисодӣ низ тақрибан ҳеҷ ҷойивазкуние надошт. Даромади миёнаи аҳолии кишвар то ҳанӯз аз сабади истеъмолӣ камтар аст ва болоравии музди меҳнат то ҳол таваррумро дарёб накардааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд вазъи муҳоҷиронро бадтар кунанд

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки назорат бар муҳоҷират пурзӯр карда шуда, муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои тарбия, таълим ва тандурустӣ роҳ дода нашаванд.

Рустами Эмомалӣ дар Русия аз интихобот ва демократия гуфт

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Як муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори духтари панҷмоҳааш боздошт карданд

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар куштори духтари панҷмоҳааш гумонбар мешавад.

Ҳамлаи густардаи Исроил ба Ғазза ва Лубнон

Артиши Исроил аз рӯзи 21-уми ноябр ҳамлаҳои худро болои мардуми Ғазза шиддат бахшидааст. Давоми 24 соати гузашта 120 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.