Даргузашти як зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон

Шаби 4-ум январи соли ҷорӣ Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, яке аз масъулони ҲНИТ дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Раҷабалӣ Комилов 63 сол дошт ва соҳиби 5 фарзанд буд. То ҳол мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон сабаби марги ин собиқ масъули Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро расман шарҳ надодаанд.

Аммо як манбаи наздик ба хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил рӯзи 5-уми январ ба Azda tv гуфт, ки то сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон дар охири моҳи сентябр Раҷабалӣ тансиҳат буд ва аз ҳеч беморие шикоят надошт, вале баъди тазоҳурот алайҳи сафари Раҳмон “аҳволи ӯ якбора бад шуд ва муддати ду ҳафта қариб бе ёд буд.” Манбаъ мегӯяд, агарчи вақтҳои ахир каме вазъи саломатияш беҳтар шуда буд, вале ҳарф зада ва роҳ гашта наметавонист.

Ба иттилои манбаъ, ин хонавода марги Раҷабалӣ Комиловро кори дасти мақомоти Тоҷикистон медонанд. “Зеро ӯ то омадани Раҳмон ба Олмон ҳеҷ баморие надошт.” Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки аз ин пеш худи мақомот борҳо ба таври ҷудогона ин хонаводаро таҳдид карда будаанд, ки “Ҳамаатонро аз байн мебарем.“

Инчунин манбаъ афзуд, ки имрӯз мақомот нагузоштаанд, ки мардум ва дар Себистони Данғара – зодгоҳи марҳум ҷанозаи ӯро бихонанд. “Мақомот гуфтанд, ки ҷанозаашро дар Душанбе хондаанд ва ҷасади ӯро мустақим ба қабристон бурданду дафн карданд.“

Раҷабалӣ Комилов соли 2018 аз ҷониби мақомоти амниятии Данғара боздошт шуд ва баъдан ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Наздиконаш ин иттиҳоми мақомотро рад мекунанд ва мегӯянд, Раҷабалӣ замоне бо ҲНИТ ҳамкорӣ мекард, ки фаъолияти ин ҳизб дар кишвар мамнуъ эълон нашуда буд.

Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Комилов то чанд муддате пеш дар зиндони маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, аммо баъд аз оне ки саломатияш бад шуд, ӯро ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.

“Эронитарин шаҳри Эрон”: навишта дар бораи Самарқанд боиси эътирози расмии Узбекистон шуд

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи ҷумъа сафири Эрон дар Тошканд Муҳаммадалӣ Искандариро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд.

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.