Як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон дар Русия бо гумони даст доштан дар куштори як сокини маҳаллӣ боздошт шуд. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо нафар 24-уми январ дар шаҳри Якутск ба эътироз баромаданд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, эътирозгарон аз мақомот тафтиши ҳамаҷониба ва пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷиронро талаб кардаанд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки эътирозгарон мегӯянд, “Мо ба онҳо даст нарасондем. Чаро онҳо чунин рафтор мекунанд?”
Ба назди эътирозгарон муовини вазири корҳои дохилии Якутия Владимир Арбузов ва ҷонишини сардори пулис оид ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ Олег Лебед баромаданд. Олег Лебед гуфтааст, ки “қотил” шаҳрвандии Русияро дорад ва ӯ боздошт шудаасту тафтиш мешавад ва аз эътирозгарон пурсидааст, ки “Бачаҳо, шумо чӣ кор кардан мехоҳед?” . Аммо чанде нагузашта эътирозгарон ба кӯчаҳои дигар ҳаракат карданд ва пулис онҳоро боздошт кардааст.
Инчунин гуфта мешавад, ки эътирозгарон исрор доранд, ки кушторро гурӯҳи муҳоҷирон анҷом додаанд ва дигарон низ бояд ба ҳабс гирифта шаванд.
Кушторе, ки сабаби эътирозҳо шуд, рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ дар саҳни манзиле дар маҳаллаи Марха рух додааст. Тибқи тафтишоти пешакӣ, миёни як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон, ки расонаҳо аз ӯ Муҳаммад Одинаев ном мебаранд ва як сокини 23-солаи ноҳияи Намский дар клуби Мята муноқиша рух медиҳад. Рӯзи дигар ин ҷавони 23-сола ду дӯсташро гирифта, ба маҳалли зисти Одинаев барои қасос гирифтан меравад, ки дар натиҷа муноқиша бо кордзанӣ анҷомида, се нафар захмӣ мешаванд ва як нафари онҳо, ҷавони 26-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Ҳоло додгоҳ Муҳаммад Одинаевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Одинаев мегӯяд, ки худашро муҳофизат кардааст.
Имрӯз баъд аз эътирозҳо аксари муҳоҷирон дар Якутск ба кор набаромадаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони Якутия алайҳи муҳоҷирон эътироз мекунанд. Баҳори соли 2019 бузургтарин гирдиҳамоӣ дар Якутск баргузор шуда буд, ки дар он мардум аз хабари таҷовуз ба номуси як сокини 17-солаи маҳаллӣ аз ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон ба хашм омада буданд. Он замон муҳоҷирон чанд рӯз ба далели таҳдидҳо ба кор рафта натавониста буданд.