28.9 C
Dushanbe

Вокуниш ба марги 6 нафар дар пойтахт

Баъд аз ҷорӣ шудани “лимит” дар шаҳри Душанбе 6 узви як хонавода бар асари дуди ғализи ангишт ҷони худро аз доданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Гуфта мешавад, дар ҳавои сард масъулини “Барқи тоҷик” барқро қатъ карданд ва падари оила хоста, ки хонаи сардро бо ангишт гарм кунад, вале дуди он ҳамагиро ҳалок кард.

Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола мебошанд, ки дирӯз, тақрибан соати 11:00 рӯз ҳамсояҳо аз марги онҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо хабар шуданд. Ҷанозаи ҳамаи аҳли ин хонавода ба сурати дастаҷамъона хонда шуда, сипас онҳоро дар қабристоне ба хок супориданд.

Ин хабар ҳоле дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад, ки мардум аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт шикоят доранд ва масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо хабарнигорон тасдиқ кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе низ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар “лимит”-и барқро ҷорӣ кардаанд.

Дар вокуниш ба ин ҳодиса хеле аз корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулини ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар марги ин шаш нафар гунаҳкоранд ва бояд ҷавобгӯ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки агар то чанд рӯзе пеш мардум дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар рӯз 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешуданд, айни ҳол шикоят аз он доранд, ки аз сармо ранҷ мебаранд, вале барқ аз соатҳои муқарраршуда камтар дода мешавад. Сокинони навоҳии дурдасти кишвар мегӯянд, ба онҳо дар як шабонарӯз танҳо 5 соат – 2 соат субҳ ва 3 соат бегоҳ барқ дода мешавад.

Гуфта мешавад, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ ба расонаҳо гуфта буд, тибқи қарордоди ҷадид бо ширкати барқрасони Афғонистон- “Бришно”, имсол Тоҷикистон 1,9 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” зикр карда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми 1,6 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон содир карда буд ва нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар аксаран дар фаслҳои баҳору тобистон интиқол дода мешавад, вале ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон тибқи шартнома аст ва мақомоти Тоҷикистон онро на кам, балки барои фоида ба даст овардан бештар мефурӯшад.

Ба гуфтаи онҳо, агар дар Тоҷикистон тавлиди камтари нерӯи барқ эҳсос шавад, масъулин онро аз ҳисоби аҳолии кишвар бо ҷорӣ кардани “лимит” кам мекунанд, вале интиқоли онро ба Афғонистону Узбекистон кам намекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.

Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа мепайвандад

Тоҷикистон қасд дорад дар моҳи майи соли ҷорӣ ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа бипайвандад. Дар ин бора расонаҳои узбекистонӣ хабар медиҳанд.

Ихроҷи 10 муҳоҷири тоҷик аз Русия

Мақомоти Русия аз Славянск-на-Кубании вилояти Краснодар 10 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ мекунанд.

Афзоиши мавҷи нави муҳоҷират ба Олмон

Ба иттилои мақомоти Олмон, рӯзона то 700 паноҳҷӯи ҷадид ба ин кишвар ворид мешавад.