12.9 C
Dushanbe

Ними Тоҷикистон бебарқ асту мақомот хомӯш

Садҳо нафар аз сокинони баландошиёнаҳои шаҳру ноҳияҳои гунони Тоҷикистон шикоят доранд, ки нерӯи барқ ва оби гарми хонаҳои онҳо қатъ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми марти соли 2024, баъд аз соати 11:00 рӯз нерӯи барқ дар тамоми қаламрави шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қатъ шудааст. Ба гуфтаи бархе манобеъ, дар шаҳри Душанбе ҳатто чароғакҳои роҳ аз кор монда ва интернет ҳам як муддат қатъ шудааст.

Масъулини шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе чанд рӯз пеш эътироф карда буданд, ки маҳдудиятҳои интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт ҳам ҷорӣ шудааст. Аммо бар хилофи бебарқии имрӯз, он маҳдудиятҳои ҷоришуда то дирӯз дар як вақт тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанберо дар бар намегирифт.

Ҳамзамон садҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар пойтахт шикоят аз он доранд, ки бар иловаи надоштани нерӯи барқ, масъулин интиқоли об ва бахусус оби гамро ҳам қатъ кардаанд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар айни ҳамин бебарқӣ бархе ширкатҳои мобилӣ, ба мисли Мегафон-Тоҷикистон бархе хидматрасониҳои худ аз қабили алоқаи мобилӣ ва интертенро дар баъзе минтақаҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон маҳдуд кардааст.

Ҳамзамон садҳо нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз бебарқӣ шикоят карда, таъкид доранд, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли нерӯи барқ натанҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои тобеи марказ ва хеле аз шаҳуру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон низ қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол имрӯз як манбаъ аз вилояти Хатлон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки қаблан дар рӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд, ҳоло дар ин сармои сахт ва барфи зиёд 1 соат бегоҳ ва 1 соат субҳ барқ медиҳанд.

Як манбаи дигар аз шаҳри Душанбе гуфт, ки аз бебарқӣ ва сардии хонаҳо сокинони зиёде, ки кӯдакони хурдсол доранд ба ноҳияҳои берун аз пойтахт ба хонаҳои хешу наздиконашон рафтаанд.

Гуфта мешавад, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар мақомоти Тоҷикистон то замони таҳияи ин матлаб ин қазияро ба сурати расмӣ шарҳ надодаанд. Вале “Азия – Плюс” бидуни тасдиқи хабар аз як манбаи худ иттлоъ дод, ки ин бебарқии сартосарӣ ба сабаби вуҷуди садама дар НБО “Норак” ба вуҷуд омадааст.

Дар пайи ин бебарқӣ дар шаҳри Душанбе хабари мудҳиши ҳалокати 6 нафар аз як хонавода, ки барои гармшавӣ онҳо аз ангишт истифода карданд ва дар натиҷа зану шавҳар ва 4 фарзанди хурдсол аз дуди он масмум гашта, ҷонбохтанд, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” феврали соли ҷорӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро барои соли 2024 ҳудуди 20% зиёд кардааст. Имсол наздик ба 2 миллиард киловатсоат ба Афғонистони зери султаи Толибон нерӯи барқ мефурӯшанд. Толибоне, ки тибқи қарор Додгоҳи олиии Тоҷикистон як ташкилоти террористӣ дониста шуда, ҳаргуна фаъолиятҳои он дар қаламрави кишварамон ҷурм шинохта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...