Боздошти се нафари дигар бо иттиҳоми кумак дар ҳамла ба “Крокус”

Мақомоти Русия се нафари дигарро бо иттиҳоми кумак дар ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорск боздошт карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин се нафар, ки якеаш шаҳрванди Русия ва ду нафари дигар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд, дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Омск аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) боздошт шудаанд.

Ба иддаои ФСБ, аз боздоштшудаҳо ду нафарашон барои хариди силоҳи оташфишон ва мошин барои анҷоми ҳамла ба толори консерт пул интиқол додаанд ва сеюмӣ бевосита дар ҷалби афрод барои кумак ба ин ҳамла ва маблағгузории омилони он ширкат доштааст.

Дар наворе, ки ФСБ нашр кардааст, дида мешавад ки ҳар сеи гумонбарон дар кӯча боздошт шудаанд ва афсарон аз ду нафари онҳо мепурсанд, ки чаро боздошт шуданд, дар ҷавоб мегӯянд, ки “Барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус”.

То ҳол ҳувияти боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти қазия пурра ошкор нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва он бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то ҳол дар пайи ин ҳодиса 10 нафарро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст, ки 9 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд. Аммо шумори боздоштшудаҳо бо иттиҳоми кумак ба ин ҳамла бештар буда, аксари онҳо зодагони Тоҷикистон мебошад.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфта, аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.