13.9 C
Dushanbe

Баррасии масоили амниятии Тоҷикистону Чин пас аз ҳодисаи Маскав

Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун 5-уми апрели соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон бо мақомоти кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯи Раҳмон бо Вазири амнияти ҷамъиятии Чин масъалаҳои “мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва кибер-ҷиноятҳо” будааст. 

Дар ин мулоқот Раҳмон “бо назардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот” таъкид бар зарурати ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори ду кишвар кардааст.

Мулоқоти вазири амнияти Чин бо Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Маскав, ки беш аз 140 нафар ҷон бохту даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуд, сурат мегирад. Ва мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбарони аслии ин ҳодиса муаррифӣ кардаанд.

Ба назари коршиносон, пас аз ин ҳодисаи хунин аксари кишварҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо чашми эҳтиёт назар мекунанд ва эҳтимол меравад Эмомалӣ Раҳмон бо баҳонаи таъмини суботу амният боз ҳам фишорро болои шаҳрвандони диндори худ бештар кунад, дар чунин вазъият мулоқоти мазкур барои Раҳмон аз аҳамияти боло бархурдор хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таҳдиди Толибон алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

Як намояндаи Толибон ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири ҳиҷоби исломӣро моли "фарҳанги бегона" донистан, таҳдид кард.

Раҳматилло Зоиров даргузашт

Собиқ раиси Ҳизби соатсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ дар пайи бемории тӯлонӣ дар синни 67-солагӣ аз дунё даргузашт.

HRW аз шарикони Тоҷикистон хост ҳодисаҳои хунин дар Бадахшонро фаромӯш накунанд

Бо гузашти ду сол аз эътирозҳои моҳи май дар Бадахшон ва кушта шудани даҳҳо сокини маҳаллӣ дар ин вилоят ҳамоно касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Паёми таслияти Раҳмон ва мухолифин ба мардуми Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи изҳори...