6.9 C
Dushanbe

Боздошти Сулаймон Давлатов дар Литва

Мақомоти кишвари Литва Сулаймон Давлатов, паноҳанда ва муҳоҷири сиёсии тоҷик дар ин кишварро боздошт кардааст.

Тибқи маълуомоте, ки ба дасти Azda tv расид, Сулаймон Давлатов як фаъоли сиёсии тоҷики муқими Литваро рӯзи ҷумъа 5-уми апрели соли ҷорӣ дар маҳали кораш боздошт карданд. Сулаймон Давлатов ҳамроҳи зану фарзандонаш дар шаҳри Вилнюси Литва зиндагӣ дорад ва ӯ ҳамроҳи фарзандонаш дорои паноҳандагии сиёсӣ мебошад.

Шоҳидони ҳодисаи боздошти Давлатов дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, ки “рӯзи ҷумъа соатҳои дуи баъд аз зуҳр ду нафар бо либоси мулкӣ аз мошини минивен берун омада, бо Сулаймон даст додаанд ва ба самти минивен рафтанд, дарҳол ду нафар бо ниқоб аз мошин берун шуда, ӯро ба дохили мошин маҷбуран савор карда бурданд.

Баъд аз боздошти машкуки Сулаймон Давлатов ҳамсараш ба пулиси маҳали кори шаврҳараш меравад, ва пулис мегӯяд, дар системаи онҳо ҳеҷ маълумоте дар бораи боздошти Сулаймон Давлатов вуҷуд надорад ва танҳо соати 10 шаб, баъд аз 8 соати бедарак шудан пулис хабар медиҳад, ки ӯ дар боздошт қарор дорад.

Рӯзи якшанбе, 7-уми апрел додгоҳе дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор шуд ва ҳукми ҳабси пешакӣ барои Давлатов содир кард ва тибқи ҳукми додгоҳ ба муддати 2 моҳ, то 6 июн дар боздошт қарор хоҳад дошт.

Ҷузъиёти боздошти ӯ ҳанӯз барои Azda tv маълум нест ва бо дастрас шудани малумоти бештар шуморо огоҳ хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳбари диаспораи тоҷикони Перм 50 сол ҳаққи вуруд ба Русияро надорад

Яке аз раҳбарони диаспораи тоҷикон дар Перм Сайфиддин Одинаев аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум гардида, аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ шудааст.

ДБҶ сабаби боздошт накардани Путинро аз Тоҷикистон пурсид

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аз ҳукумати Тоҷикистон расман талаб намуда, ки сабаби боздошт накардани Путинро дар сафари ахире, ки ба Душанбе дошт, шарҳ диҳад.

Олмон як ҷавони тоҷикро ба Душанбе ихроҷ кард

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Магдебурги Олмон бо гумони тарҳрезии ҳамла боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст.