16.9 C
Dushanbe

Афзоиши таҳдидҳо алайҳи Тоҷикистон

Пас аз қабули Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” дар Маҷлиси намояндагон таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ алайҳи ҳукумат афзоиш ёфтааст.

Имрӯз, 27-уми майи соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, се ҷавони тоҷикистонӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат карда, мақомоти кишвар ва бахусус иҷроикунони Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ”-ро, ки пӯшидани либосҳои исломиро дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ манъ мекунанд, таҳдид ба қатл мекунанд.

Маълум нест, ки ин се нафар, ки дар даст силоҳи гарм доранд ва рӯйҳои худро пинҳон кардаанд, дар куҷо ва дар чӣ шароите ин наворро сабт кардаанд. Аммо чун ҳадафи худро ҳимоят аз номуси хоҳарону модарони мусалмон дар Тоҷикистон унвон кардаанд, навори таҳдидомези онҳо хеле тамошобин касб кардааст.

Пеш аз нашри ин навор низ, Абдулҳамид Хуросонӣ, яке аз қумандонҳои тоҷиктабори Толибони Афғонистон низ бо нашри чунин навори таҳдидомезе шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро ба қатл таҳдид карда буд.

Ҳамзамон Муҳаммад Ансорӣ, даъватгари машҳурӣ эронӣ ҳам, ки дар байни ҷавонони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дунболкунандагони зиёде дорад, ҷумъаи ояндаро дар Тоҷикистон “Рӯзи ҳиҷоб” номгузорӣ кардааст.

Ансорӣ дар ин даъвати худ аз тамоми хоҳарону модарони кишвар хостааст, ки дар эътироз ба ин қабули Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ”, ки пӯшидани либосҳои исломиро ҷумр медонад, ҷумъаи оянда ба бо пӯшидани либосҳои исломии худ ба хиёбонҳо бираванд ва аз шавҳарону бародарон ва падарони онҳо низ хостааст, ки ба ин эътирози бонувон ҳамроҳ шуда, аз онҳо ҳимоят кунанд.

Ин даъвати Муҳаммад Ансорӣ, ки дар байни ҷавонони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтомӣ хеле тарафдорони зиёде ҳам касб карда, навори даъвати оммавии ӯро ҳам дар байни тоҷикистониҳо хеле зиёд ва ба суръат даст ба даст байни ҳам ба нашр мерасонанд.

Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд, бо дарки ҳамин масъалаи афзоиши таҳдидҳо сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки маъмулан дар чанд моҳ як ё ду матлаб нашр мекунад, имрӯз як бори дигар феҳристи бархе ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва созмонҳои ҳаросафканеро, ки бо ҳалномаи Додгоҳи олӣ” ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф карда, аз нав як бори дигар нашр кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби "France Football" барои дарёти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, "Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?"