Рӯзи 25-уми апрели соли 2023 Гусейн Гасанов, яке аз блогерони шинохтаи русзабон бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад.
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Рӯзи 25-уми апрели соли 2023 Гусейн Гасанов, яке аз блогерони шинохтаи русзабон бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад.
Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни пешвозгирии ин блогери русзабон аз ҷониби набераи Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, ки дар байни корбарони тоҷик вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Дар он навор дида мешавад барои пешвози Гусейн Гасанов набераи раисҷумҳур ва раиси федератсияи ҷудои кишвар Исмоили Маҳмадзоҳир то назди пиллаи ҳавопаймо рафта бо тантана аз ӯ истиқбол мекунад. Ҳатто дида мешавад, ба хотири меҳмоннавозӣ ба пешвози Гасанов духтари тоҷике бо нону ширинӣ мебарояд.
Корвони мошинҳое, ки блогери рус ва набераи раисҷумҳурро мебурд, аз 4 адад мошини навъи “CADILLAC” ва як адад “Bentley”, ки ҳар кадом беш аз 150 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд ва рақамҳои давлатии “1111” доштанд, иборат буд. Гуфта мешавад, аксар рақамҳои давлатии “1111” аз Исмоили Маҳмадзоҳир мебошад.
Акс: Интернет
Ба ҷуз ин мошинҳо, онҳоро ҳамчунин мошинҳои пулис ва муҳофизон ҳамроҳӣ мекарданд ва баъзе роҳҳои шаҳр баста буданд. Оддатан роҳҳои шаҳр замоне баста мешаванд, ки меҳмони олиқадре, ба монанди президентҳои кишварҳои дигар ташриф биёранд ва ё худи Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷо убур кунад.
Гусейн Гасанов дар яке аз наворҳояш мегӯяд, ки ӯро дар хонае ҷой кардаанд, ки беш аз 600 метри квадратӣ масоҳат дорад. Инчунин ин блогер чанд аксу навор аз мизи пур аз нушу неъват, хона ва мошинҳои бо ҳашаматро дар саҳфаи инстаграмаш гузоштааст.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.