Хабар
ТОҶИКИСТОН ҶОМЕА
Қариб 500 корманди шабакаҳои барқ ба изофанависӣ муттаҳам шуданд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 наздик ба 500 корманди ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон беш аз 168,8 миллион киловатт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 наздик ба 500 корманди ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Тоҷикистон беш аз 168,8 миллион киловатт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, зарари молии ин қонуншиканӣ қариб 51,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Намояндагони Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки дар робита ба ин қазия 400 корманди ин ширкат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар маҷмуъ 259 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамчунин нисбат ба 89 корманди дигар бо пешниҳоди “Шабакаҳои тақсимоти барқ” парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст, аммо маълум нест, тафтиши ин парвандаҳо то куҷо расидааст.
Бештарин мавридҳои изофанависӣ дар филиалҳои шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтар ошкор шуда, дар филиали Кӯлоб 78 миллиону 784 ҳазор киловатт-соат барқ ба маблағи 29 миллиону 174 ҳазор сомонӣ ва дар филиали Бохтар 55 миллиону 885 ҳазор киловатт-соат ба маблағи 12 миллиону 142 ҳазор сомонӣ изофанависӣ шудааст.
Дар филиали шаҳри Гулистон 11 миллиону 468 ҳазор киловатт-соат барқ ба маблағи 3 миллиону 325 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Истаравшан 11 миллиону 542 ҳазор киловатт-соат ба маблағи 2 миллиону 636 ҳазор сомонӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ 9 миллиону 172 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 2 миллиону 993 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе 2 миллиону 16 ҳазор киловатт-соат ба маблағи 986 ҳазор сомонӣ изофанависӣ шудааст.
Ба гуфтаи намояндаи Оҷонсӣ, ҳаҷми изофанависӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,8 дарсад ё 41 миллиону 516 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Дар баробари ошкор кардани изофанависии кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, мақомот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 729 мавриди истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро ошкор кардаанд, ки ҳаҷми он 31,1 миллион киловатт-соат буда, зарари молӣ ба 38 миллиону 723 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин робита 2 ҳазору 798 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар маҷмуъ 1 миллиону 527 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Намояндаи Оҷонсӣ гуфтааст, ки бештар мавридҳои дуздии барқ дар корхонаву ташкилот ошкор шудаанд, аммо шумораи дақиқи корхонаҳо ва шахсони масъули онҳо мушаххас нашудааст.
Қаблан ин ниҳод хабар дода буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 тақрибан 1 ҳазору 750 корхонаву ташкилот ба таври ғайриқонунӣ 21,7 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истифода бурда, ба буҷети давлат беш аз 24 миллион сомонӣ зарар расонидаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2025 ҳаҷми умумии изофанависии нерӯи барқ аз ҷониби кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба 321 миллиону 464 ҳазор киловатт-соат расида, зарари ҳисобшуда аз он 106 миллиону 393 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон ҷазоро барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва дахолат ба таҷҳизоти ҳисобкунак сахттар карданд. Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, вобаста ба ҳаҷм ва ҳолатҳои қонуншиканӣ, барои чунин амалҳо ҷарима аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ва ё аз се то даҳ соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар гузашта Раҳмонов аз изофависии пули барқ гуфта, дар паёми соли 2025 ба парлумон дар мавзуи баҳсбарангез ва шубаҳаовари беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздор будани аҳолӣ аз истифодаи барқ низ гуфта, ӯ баръакс, худи кормандони идораи барқро дар нодуруст аз истифодаи барқ қарздор кардани мардум гунаҳкор кард.
Раҳмонов гуфта буд, ки “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд, вале баъди ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд, вале аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва ба таври сунъӣ талафоти барқро ба гардани аҳолӣ, дигар истифодабарандгон ва ҳатто мошинҳои обкаш бор карда, онҳоро қарздор мекарданд ва маблағи онро дар ҷайби худ мезаданд.
Аммо бо вуҷуди равшанӣ андохтан ба ин масъала, Раҳмонов нагуфта буд, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд ва онҳое, ки гунаҳкоранд, чӣ мешавад?
Ин ҳама изофанависӣ дар ҳолест, ки мушкили таъминоти барқ ҳамоно яке аз масъалаҳои доғ барои аҳолии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Зимистони гузашта сокинони бисёре аз минтақаҳои кишвар аз маҳдудияти шадиди барқ шикоят карда, мегуфтанд, ки дар баъзе рӯзҳо шабонарӯз ҳамагӣ аз ду то чор соат нерӯи барқ мегиранд. Намояндагони соҳа лимити барқро ба камобӣ ва норасоии нерӯи барқ рабт медоданд.
Амм моҳи июли соли 2026 раиси ҶСК “Барқи Тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки дар фасли тирамоҳу зимистони оянда номувозинатии байни истеҳсол ва истеъмоли нерӯи барқ эҳтимол боқӣ мемонад. Ӯ эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳоро пурра рад накарда буд. Ҳамзамон вазири энергетика Далер Ҷумъа изҳор дошта буд, ки таъминоти барқ дар зимистони оянда нисбат ба зимистони гузашта беҳтар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, то имрӯз дар бораи ҷорӣ шудани ҷадвали ягонаи маҳдудияти барқ барои аҳолӣ дар тамоми кишвар маълумоти расман тасдиқшуда дастрас нест.