7.9 C
Dushanbe

Қабули қонуни “манъи ҳиҷоб” аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи интернетии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи имрӯза аз ҷумлаи масоили баррасишаванда қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд, ки вакилон таҳрири нави онро пурра ҷонибдорӣ ва қабул карданд.

Ин қонун, ки қаблан дар таҳрири нав аз ҷониби раиси Кумитаи дин Давлатзода Сулаймон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, имрӯз аз ҷониби Рустами Эмомалӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар қабул гардид.

Гуфта мешавад, ин қонун, ки пеш аз ҳама пӯшидани ҳиҷобро барои занон дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, пас аз имзои раисҷумҳур ва нашр шудан дар расонаҳои давлатӣ мавриди амал қарор мегирад.

Аксар коршиносон аз қабул шудани ин қонун изҳори нигаронӣ мекарданд, ки дар сурати қабул метавонад мушкилоти ҷомеи Тоҷикистонро дучанд кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ба моддаи 18-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард. Нуктаи асосие, ки дар ин тарҳи нав ба қонуни мазкур ворид карда шуд, мамнуъ гардидани “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” буд.

Ин амалкарди мақомоти кишвар вокуниши ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Аз мардуми оддӣ то коршиносони сатҳҳои гуногун дар ин бора назар доданд ва аксар мегӯянд, ки танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.

Боздошту бозпурсии мақомот аз занҳои ҳиҷобпӯш ва аз сари онҳо кашидани ҳиҷоб дар назди бемористонҳо ва бозорҳо вокуниши ҷомеаи тоҷикро бештар кард.

Мувофиқи иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар пайи суръат гирифтани фишорҳо ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ рӯзи ҷумъаи 31-майро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карда буданд ва аз мардону занони тоҷик хостанд, ки дар ин рӯз барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.

Ва ахиран рӯзи ҷумъа, 31-уми май Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби 17 соли зиндон барои як рӯзноманигори дигар

Додситон аз додрас барои бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигор...

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.