0.9 C
Dushanbe

Интиқоди Омбудсмен аз шароити ногувор дар зиндонҳои Тоҷикистон

Тибқи гузориши нави Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар зиндонҳои кишвар аз меъёр зиёд зиндониҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз сабаби зиёд ҷамъ кардани чанд зиндонӣ дар як селул, масоҳати муқаррар намудаи байналмилалӣ риоят намешавад ва ин боиси афзоиши бемориҳо дар байни зиндониён мегардад.

Чунин вазъ ба вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оварда мерасонад, ки меъёри майдони истиқоматиро ба ҳар шахс на кам аз чаҳор метри мураббаъ муқаррар кардааст,” –
омадааст дар гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Тибқи омори наве, ки Омбудсмен дар гузориши солонааш оварда ва онро “душворӣ” дар маҳбасҳои
Тоҷикистон меномад, 350 зиндонӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва беш аз 100 нафари дигар ба бемории сил мубтало шудаанд.

Дар гузориш аз афзоиши маргу мир дар байни зиндониён низ ишора шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Мушкили дигар фавти маҳкумшудаҳо мебошад, ки то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад. Шумораи онҳо дар соли 2023 ба 53 нафар расидааст.” Дар ҳоле, ки ин омор соли 2022 61 нафар сабт шуда буд.

Мақомот сабаби асосии марги зиндониёнро бемориҳои диабет, саратон ва бемориҳои дилу раг медонанд, вале Паймони милли Точикистон, як этилофи мухолифони Ҳукумат моҳи августи соли 2023 марги Ҷалолиддин Маҳмудов, узви пешини ҲНИТ-ро дар маҳбас “баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсӣ” номида буд.

Ба иттилои Омбудсмен, то 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13 ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин омор 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244 шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Коршиносон ба ин оморҳо бовар надоранд ва вазъияти зиндонҳо ва маҳкумшудаҳоро бадтар аз он чизе медонанд, ки дар гузоришҳои расмӣ гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.