Рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон зери 35 қонун имзо гузоштааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, Қонунҳо “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав қабул гардидаааст.
Дар саҳфаи фейсбукии Раҳмон гуфта мешавад, ки ин қонунҳо “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд”.
Як рӯзи пеш, вакилон бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурра ҷонибдорӣ ва қабул карда буданд.
Аксар коршиносон аз қабул шудани ин қонун, ки пеш аз ҳама пӯшидани ҳиҷоб барои занон ва “идгардак”-и кӯдаконро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, қабули ин қонунҳо мушкилоти ҷомеи Тоҷикистонро дучанд мекунад.
Ин қонун, ки қаблан дар таҳрири нав аз ҷониби раиси Кумитаи дин Давлатзода Сулаймон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, вокуниши ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Аз мардуми оддӣ то коршиносони сатҳҳои гуногун дар ин бора назар доданд ва аксар мегӯянд, ки танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.
Боздошту бозпурсии мақомот аз занҳои ҳиҷобпӯш ва аз сари онҳо кашидани ҳиҷоб дар назди бемористонҳо ва бозорҳо вокуниши ҷомеаи тоҷикро бештар кард.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар пайи суръат гирифтани фишорҳо ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ рӯзи ҷумъаи 31-майро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карда буданд ва аз мардону занони тоҷик хостанд, ки дар ин рӯз барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.
Ва ахиран рӯзи ҷумъа, 31-уми май Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.