9.9 C
Dushanbe

Фиреби даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо ваъдаи кор дар Аврупо

Як нафар бо ваъдаи кор дар Аврупо беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додааст.

Кормандони Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон Рустамов Т.А. директори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна”-ро бо иттиҳоми қаллобӣ “ба миқдори махсусан калон” боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои ин ожонсӣ, Рустамов бо маслиҳати пешакӣ бо директори генералӣ ва сармуҳосиби ҷамъияти “Гардуна” Арабов Б.Г ва Хушқадамова Т.М., инчунин шаҳрванди Чехия Васлав С. бо роҳи фиреб ба боварии 82 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, дар умум 98500 сомонӣ ва 50430 доллари ИМА гирифтаанд.

Аммо ин гурӯҳ бар ивази ин миқдор маблағ касеро ба Ҷумҳурии Чехия барои кор нафиристодаанд ва ба шаҳрвандон зарари моддӣ расондаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, чун вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст, онҳо талош доранд дар дигар кишварҳо, бахусус кишварҳои аврупоӣ ҷойи кор пайдо кунанд ва дар баъзе ҳолат ба дасти чунин қаллобон меафтанд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати Рустамов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси Ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол таҳдид мекунад.

Назари худи Рустамов ва пайвандону адвокаташ дар ин бора дастрас нест, инчунин маълум нест, ки мақомот нисбати шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ё на.

Дар аксар ҳолатҳо нафароне, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани пора дар кишвар боздошт мешаванд, бо супоридани ҷарима ё додани пора ва ё доштани “тағо” дар мақомҳои болоӣ зуд ба озодӣ мебароянд.

Аз ҷумла, Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз сӯйи маъмурони Ожонси зидди фасод бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” дастгир шуда буд, баъди беш аз як моҳ бо супурдани 240 ҳазор сомонӣ ҷарима ба озодӣ баромадааст ва ҳоло дар мансаби раиси Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд кори худро идома дода истодааст. Дар ҳоле, ки тибқи моддае, ки ӯ айбдор аст, то панҷ сол ҳаққи кор дар идораҳои давлатиро надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.