Нишасти мухолифони Толибон дар Вена

Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Толибон дар пойтахти Утриш шаҳри Вена гирди ҳам омаданд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Дафар, собиқ вазири хоричии ҳукумати Ашраф Ғанӣ, Муҳаммад Муҳақиқ, аз раҳбарони ҳазораҳо ва дигар ҷеҳраҳои сиёсӣ дар ин нишаст иштирок карданд.

Аҳмад Масъуд дар ин нишаст гуфт, ки як ҳукумат танҳо аз тариқи раъйи мардум метавонад машруъ шавад. Ӯ афзуд, дар сурате, ки Толибон муваффақ ба касби раъйи мардум шаванд, аз сӯйи дигарон низ пазируфта хоҳанд шуд.

Алӣ Майсам Назрӣ, масъули равобит хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Фейсбук навиштааст, ки дар ин нишаст зиёда аз 65 гурӯҳи сиёсӣ ва маданӣ дар Вена гирд омаданд, то дар бораи як ояндаи мардумсолор дар Афғонистон бо ҳам кор кунанд.

Зокир Ҷалол, яке аз мақомҳои Толибон бо ишора ба ин нашаст ширкаткунандагони онро “ҷамъи саргардон” номид, ки ба гуфтаи ӯ, “дарке аз сиёсати байналмилалӣ надоранд ва чашми умед ба иқдоми хориҷӣ дӯхтаанд.”
ин мақомдори Толибон дар ёдошти дар шабакаи “X” такид кардаст, ки онҳо маҳкум ба шикаст ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорумин нишасте аст, ки гурӯҳҳои мухталиф аз мухолифони Толибон дар пойтахти Утриш гирди ҳам ҷамъ мешаванд ва масъалаи Афғонистон ва ояндаи онро баррасӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.