Як зан дар деҳаи Сорвои ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат худ ва ду кӯдаки хурдсолашро, ки яке 3-4-моҳа ва дуюмӣ 3-сола будаанд, ба дарё андохта, худкушӣ кард.
Як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda TV наворе фиристод, ки дар он дида мешавад, аҳолии деҳаи Сорвои ҷамоати Ромит ҷасади беҷони занро аз об берун мебароранд.
Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки байни одамони зиёде, ки дар лаби дарё ҷамъ омада, доду фиғон доранд, занозанӣ сар мезанад ва сари яке аз онҳо бо санг кафонда мешавад. Зоҳиран, наздикони зан бо хонаводаи шавҳар даргир мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дирӯз, 17-уми июл рух дода, сокинон ҷасади занро пайдо карданд, аммо ҷасади тифли ширхораашро то ҳол наёфтаанд. Хушбахтона, духтараки 3-солаашро зинда пайдо кардаанд.
Манбаи Azda TV аз ин зан ва хонаводаи шавҳараш ном набурд, аммо ба гуфтаи ӯ, сабаби худкушии ин зан бо ду кӯдакаш муноқишаҳои хонаводагӣ будааст.
Мақомот то ҳанӯз дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд. Ва тафсилоти ин ҳодиса ба таври комил маълум нест. Ҳамчунин назари хонаводаи ин зан ва шавҳараш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон занҳо аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ду сол пеш як зан аз ноҳияи Рашт низ худ ва 3 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ карда буд.
Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарони тоҷик, ин падида дар Тоҷикистон ва кишварҳои қафомонда бештар аз шароити бади иқтисодии хонаводаҳо маншаъ мегирад. Инчунин рафтори хашину номуносиби хонаводаи шавҳар бо келин низ яке аз омилҳои асосии чунин худкушиҳо гуфта мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.