Худкушии як зан бо ду кӯдакаш дар шаҳри Ваҳдат

Як зан дар деҳаи Сорвои ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат худ ва ду кӯдаки хурдсолашро, ки яке 3-4-моҳа ва дуюмӣ 3-сола будаанд, ба дарё андохта, худкушӣ кард.

Як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda TV наворе фиристод, ки дар он дида мешавад, аҳолии деҳаи Сорвои ҷамоати Ромит ҷасади беҷони занро аз об берун мебароранд.

Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки байни одамони зиёде, ки дар лаби дарё ҷамъ омада, доду фиғон доранд, занозанӣ сар мезанад ва сари яке аз онҳо бо санг кафонда мешавад. Зоҳиран, наздикони зан бо хонаводаи шавҳар даргир мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дирӯз, 17-уми июл рух дода, сокинон ҷасади занро пайдо карданд, аммо ҷасади тифли ширхораашро то ҳол наёфтаанд. Хушбахтона, духтараки 3-солаашро зинда пайдо кардаанд.

Манбаи Azda TV аз ин зан ва хонаводаи шавҳараш ном набурд, аммо ба гуфтаи ӯ, сабаби худкушии ин зан бо ду кӯдакаш муноқишаҳои хонаводагӣ будааст.

“Ба сабаби муноқишаҳои хонаводагӣ, зан як маротиба қаҳр карда, ба хонаи падараш омода буд, вале падараш ӯро маҷбур ба хонаи шавҳараш бармегардонад. Аммо ин бор чун муноқиша сар мезанад, ба хонаи падараш нарафта, ду кӯдакашро мегираду меравад аз болои пули дарёи Кофарниҳон, ки дар наздикии деҳаи Сорво ҷойгир аст, аввал ду фарзандаш ва баъдан худашро ба поён меандозад.“, – мегӯяд манбаъ.

Мақомот то ҳанӯз дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд. Ва тафсилоти ин ҳодиса ба таври комил маълум нест. Ҳамчунин назари хонаводаи ин зан ва шавҳараш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон занҳо аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ду сол пеш як зан аз ноҳияи Рашт низ худ ва 3 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ карда буд.

Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарони тоҷик, ин падида дар Тоҷикистон ва кишварҳои қафомонда бештар аз шароити бади иқтисодии хонаводаҳо маншаъ мегирад. Инчунин рафтори хашину номуносиби хонаводаи шавҳар бо келин низ яке аз омилҳои асосии чунин худкушиҳо гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.