Боздошти вазири собиқи тандурустӣ

Мақомот собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Хоҷа Олимзодаро боздошт карданд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба як хеши наздики Олимзода иттилоъ додааст, ки боздошти вазири собиқ рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Олимзода, ки чор соли охир ба ҳайси раҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи кишвар кор мекард, маълум нест аз ҷониби кадом ниҳоди қудратӣ ва бо чӣ иттиҳоме боздошт шудааст, аммо гуфта мешавад, ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд.

Пештар аз ӯ 12-уми июни соли ҷорӣ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ ва вакили парлумони кишвар бо иттиҳоми “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуда буд ва ба парвандаи ӯ низ муҳри махфӣ зада буданд.

Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзодаро пас аз боздошташ дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Пас аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз боздошту бозпурсии беш аз 50 нафар собиқадорони Ҳукумат ва мухолифин, аз ҷумла собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент Акбаркашоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ва собиқ қумондони оппозитсия ва аъзои Ҳукумат Саламшо Муҳаббатов, полковник ва собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ, инчунин аз боздошти Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ғайра хабар дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ ин боздошту бозпурсиҳои чеҳраҳои шинохтаи кишварро ба ҷуз қазияи Саидҷаъфар Усмонзода шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.