Худкушӣ ё қатли сарбоз дар Фархор?

Ҳакимҷон Самадови 19-сола, сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз зарби тир ҷон бохтааст.

Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли соли ҷорӣ замоне рух додааст, ки сарбоз дар манораи дидбонӣ дар ноҳияи Фархор навбатдорӣ мекардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомот марги ин сарзбози нерӯҳои марзбониро худкушӣ номидаанд, аммо пайвандонаш ба ин фарзия бовар надоранд ва ба Додситонии низомӣ барои таҳқиқи дурусти ҳодиса шикоят бурдаанд.

Ҳалимҷон Самадов, падари Ҳакимҷон бар ин бовар аст, ки писараш зери шиканҷа фавтидааст, чун дар баданаш нақши сиёҳу кабуд ҷой дошт. Инчунин падари сарбоз гуфтааст, ки дар бадани Ҳакимҷон ду тир зада шудааст, як тир аз тарафи гулӯяш рафта ва тири дигар аз кому бинияш баромадааст.

Дар ҳамин ҳол мақомот як фармондеҳи бахши марзбонии 0307-и Нерӯҳои марзбонӣ дар Фархор бо гумони “берун рафтан аз ҳади ваколат” боздошт карда, рафтораш нисбат ба Ҳакимҷонро таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар расонаҳо хабари марги сарбозон нашр мешавад. Дар аксар ҳолат мақомот бо вуҷуди шикояти сокинон, ки фарзандашон замони хидмат кушта шудааст, марги сарбозонро ба худкӯшӣ ё ягон навъи беморӣ рабт медиҳанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфта, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуда, аз ин шумора 8 маврид худкушӣ буда, 6 нафар аз беморӣ фавтиданд.

Чанде пеш расонаҳо аз марги сарбоз Солеҳҷон Солиев дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ хабар дода буданд. Додситони ҳарбии Душанбе марги ин сарбозро ба бемории дил рабт додааст, аммо пайвандони ин сарбоз мегӯянд, ки ба фарзияи расмӣ бовар надоранд, зеро дар тани сарбоз изи захм буд.

Бояд гуфт, марги ҷавонон ва бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар нисбати сарбозон боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як тағйиротӣ куллӣ ниёз дорад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.