2.9 C
Dushanbe

Ихроҷи беш аз 110 ҳазор муҳоҷир аз Русия

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 110 ҳазор нафар бо сабаби қоидавайрокуниҳои гуногун аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, мақомоти ин кишвар соли гузашта 110 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷиро барои вайрон кардани қоидаҳо аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ин рақам нисбат ба солҳои гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст.

Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки дар ин давраи ҳисоботӣ шумораи муҳоҷироне, ки ҷиноят содир кардаанд, 3,7 фоиз камтар шуда буд. Аммо, агар дар соли 2023 дар умум беш аз 2 миллион протоколҳои маъмурӣ нисбат ба қоидавайрокуниҳои муҳоҷирон сабт шуда бошад, дар нимаи аввали соли ҷорӣ алакай ин рақам ба 1,7 миллон адад расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷараёни чорабиниҳои санҷишии ВКД Русия зиёда аз 6 ҳазор нафар ошкор гардиданд, ки дар муҳлати муқарраршуда сабти дактилоскопӣ, аксбардорӣ ва муоинаи тиббиро нагузаштаанд, нисбати онҳо чораҳое андешида шуданд, ки ба хориҷ кардани онҳо аз ҳудуди Федератсияи Русия нигаронида шудаанд”.

Гуфта мешавад, дар соли 2023 тибқи дархостҳои шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 2 миллион патент барои кор, 120 ҳазор иҷозатнома барои кор ба шаҳрвандоне, ки бо раводид омадаанд, инчунин ба ҳисобгирии муваққатии 1,3 миллион шаҳрвандони Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки барои кор омадаанд, расман сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Думаи давлатии Русия лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷиратро низ айни замон рӯи даст дорад, ки агар ин ҳама тағйиру иловаҳои нав пазируфта шаванд, шароити буду бош дар Русия барои муҳоҷирон душвортар ва ҷазо барои касоне, ки даст ба қонуншиканӣ ва ё қоидавайрокунӣ мезананд, низ сахтар мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Номаи мухолифи тоҷик ба Трамп

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо навиштани номае ба Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп аз мушкилоти Тоҷикистон гуфтааст.