Эмомалӣ Раҳмон писари Аҳмадшо Масъудро аз Душанбе ронд

Бархе расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дар Душанбе баст.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон вақтҳои охир ба фаъолияти ин дифтар шубҳа карда, онро бастааст. Аммо бархе расонаҳо баста шудани онро ба далели фаъолият накардани ҶММА рабт медиҳанд.

То ҳол раҳбарияти ин ҷабҳа ба таври расмӣ аз баста шудани дафтараш дар Душанбе чизе нагуфтааст ва пойгоҳи хабарии ҶММА ҳам зоҳиран фаъол нест.

Нисораҳмади Шайхзай, яке аз таҳлилгарон ва ҷонибдорони ҶММА дар суҳбате бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки дафтари ин ҷабҳа дар Душанбе “ба маркази гирифтани пулҳои кумакӣ ва барои онҳое, ки зану фарзандонашон дар хориҷ зиндагӣ мекарданд, ба як мусофирхона табдил шуда буд.”

Инчунин Шайхзай дар мусоҳибаи худ таъкид мекунад, ки “дар дохили он дафтар суханҳои зиёде, ки ба амнияти дохилии Тоҷикистон хатар дошт, гуфта шудааст ва инчунин дар онҷо тарадудҳои шубҳанок ҳам вуҷуд дошт, ки амнияти Тоҷикистон ин ҳамаро беназорат нагузошт.”

Аммо бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки чун Русия бо Толибон муносибати нек дорад, Тоҷикистон ҳам наметавонад сиёсати Путинро дар ин росто нодида бигирад. Аз ин рӯ, маҷбур аст фаъолияти мухолифони Толибонро дар Душанбе қатъ кунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз тоҷикон ва зодагони Панҷшери Афғонистон ташкил шуд. Сардории ин ҷабҳаро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бар уҳда дорад ва худи ҳамон сол дафтари худро дар Душанбе боз кард ва масъулони он фаъолияти худро аз пойтахти Тоҷикистон пеш мебурданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.