Оё дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар сарҳадбонон ҳузур нахоҳанд дошт?

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол аст дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии сарҳадбонон аз байн равад. 

Чунин иттилоеро раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Манаси Қирғизистон ироа кард.

Ба иддаои Тошиев, президентҳои ду кишвар Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимод ва дӯстии устувор байни мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон саъй доранд.

“Мо итминон дорем, ки бо чунин сатҳи эътимод ва фаҳмиши дуҷониба байни роҳбарони мо, дар сарҳад дигар ба ҳузури доимии сарҳадбонон зарурат нахоҳад буд”, — таъкид кардааст роҳбари КДАМ-и Қирғизистон.

Ба ҷуз гуфтаҳои Тошиев тафсилоти дигар дар бораи эҳтимоли тағйир дар реҷаи ҳифзи сарҳади ин ду кишвар то ҳол ифшо нашудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин бора чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 1000 км марзи муштарак доранд ва тақрибан 519,9 км-и он то соли 2011 муайян гардида буд ва 486,94 км дигараш дар се соли охир мувофиқа шуд.

То ба мувофиқа расидан дар нуқтаҳои номуайн чандин маротиба миёни сокинон ё марзбонон баҳс ва даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чанд соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дар баробари муайн намудани марз ҷонибҳо мубодилаи қитъаҳои заминӣ ба масоҳати тақрибан 190 гектар аз ҳар тараф анҷом дода буданд.

Ҳоло пас аз ба мувофиқа расидан, ҷониби Қирғизистон 143 километр роҳҳои автомобилгард бунёд ва дар зиёда аз 107 километри марз сим, сутунҳои бетонӣ, симҳои хордор ва деворҳои 3D насб кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.