21.9 C
Dushanbe

Ҳамрохон Зарифӣ аз ҳабс озод шуд?

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз як моҳи зиндон ба озодӣ баромадааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш менависад, ки Зарифиро мақомот рӯзи 12-уми июл озод кардаанд, аммо маълум нест, ки ӯро шартан озод кардаанд ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол хабари боздошт ва раҳоии вазири собиқро шарҳ надодааст.

Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар гузашта ба ҳайси вазири корҳои хориҷӣ ва сафири Тоҷикистон дар Амрикову Япония кор кардааст, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд.

Дертар расонаҳо аз боздошти Акбаркашоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), инчунин Шокирҷон Ҳакимов, ҳукуқшиноси шинохта ва муовини раиси ҲСДТ хабар доданд. Мақомот то ҳол сабаби боздошти ин чеҳраҳои шинохтаро расман шарҳ надодааст ва маълум нест ба кадом иттиҳом айбдор шудаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки мақомот пештар аз ҳама Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумонро бо иттиҳоми ғасби ҳокимият дастгир карда буд ва Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон низ вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Таҳлилгарон низ ҳадс мезананд, ки боздошти ин афроди шинохта маҳз ба парвандаи Усмонзода рабт дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аксари муҳоҷирони кории Русия тоҷикон будаанд

Аз умуми муҳоҷирони кории Русия аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар ин мақомоти Русия хабар додаанд.

Шолтс бо Раҳмон аз ҳуқуқи башар хоҳад гуфт?

Як созмони ҳуқуқӣ аз Олаф Шолтс хостааст, дар нишаст бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа таваҷҷуҳ кунад.

Боздошти чанд ҷавонзани тоҷик зимни амалиёти махсус дар Хуҷанд

Раёсати Вазорати корҳоӣ дохилӣ дар шаҳри Худҷанд дар Фейсбук аз амалиёти "Ахлоқ" хабар дод. Дар ин амалиёт чанд ҷавонзан бо гумони "бадахлоқӣ" боздошт шудаанд.

Аввалин сайёҳон ба кайҳон сафар карданд

Рӯзи панҷшанбе, 12-уми сентябри соли ҷорӣ нахустин парвози сайёҳони кайҳонӣ ба мадори замин бо муваффақият анҷом ёфт.