21.9 C
Dushanbe

Лағви раводид байни Тоҷикистон ва Эрон

Низоми рафту омадани бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон байни ду кишвар оғоз мешавад.

Рӯзи сешанбе, 6-уми августи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки шуруъ аз 10-уми августи ҳамин сол, барномаи рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ба кишварҳои ҳамдигар бидуни доштани раводид ба ҳукми иҷро медарояд.

Ба қавли манбаъ, “дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид “барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.”

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир “амалишавии низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.”

Имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид байни ду кишвар 8-уми ноябри соли 2023 дар замони Иброҳим Раисӣ, президенти пешини Эрон байни ду кишвар сурат гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.