Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шудааст, маълум нест.
Мақомоти шаҳри Ҳисор 20-уми октябр ба расонаҳои давлатӣ хабар додаанд, ки мумфаршкунии қитъаи охирини яккилометрӣ аз маркази шаҳраки Шарора то шоҳроҳи Чимтеппа–Шарора–Ҳисор ба анҷом расидааст.
Манбаъ мегӯяд, марҳилаи аввали таъмир беш аз 20 километрро фаро гирифта, қаблан анҷом ёфта буд.
Дар иттилоияи расмӣ таъкид мешавад, ки роҳ бар асоси дастури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, бо дастгирии мақомоти Ҳисор ва иштироки соҳибкорону аҳолии маҳаллӣ таъмир шудааст.
Бо вуҷуди ин, арзиши умумии кор, саҳми буҷет, соҳибкорон ва сокинон, инчунин номи пудратчӣ ва муҳлати кафолати таъмир зикр нашудааст. Шеваи ҷалби саҳми аҳолӣ низ шарҳ дода намешавад.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, таъмир мушкили чандинсолаи рафтуомадро осон карда, барои ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, шароит фароҳам меорад.
Агарчи маълум нест, буҷети таъмири ин роҳ чӣ қадар будааст ва чанд дарсадаш аз ҳисоби аҳолӣ аст, вале аз шикоятҳои қаблие, ки сокинон карда буданд, маълум мешавад, дар чунин ҳолат мақомот сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони минтақаро маҷбур мекунанд маблағаи пурраи таъмирро пардохт кунанд. Ва ҳатто “кисапулӣ” ба баъзе масъулон низ бидиҳанд. Аз ин ру, одатан таъмири роҳҳое, ки бо чунин шева сохта мешавад, чандон ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд.
