Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ли Чян 19-уми октябр дар Душанбе зимни ин дидор хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон шудааст. Ӯ инчунин омодагии Пекинро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ иброз дошт.

Ли Чян барои ширкат дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом додааст. Ба гузориши шабакаи давлатии Чин CGTN, Пекин аз раёсати Тоҷикистон дар ин нишаст пуштибонии комил кард.

Хабаргузории расмии Чин Шинҳуа гузориш дод, ки Ли Чян равобити ду кишварро дӯстии амиқ номидааст. Ба гуфтаи ӯ, ин равобит бояд аз нигоҳи роҳбурдӣ ва дарозмуддат арзёбӣ шавад. Сарвазири Чин даъват карда, ки ду ҷониб эътимоди сиёсиро тақвият бахшанд, манфиатҳои асосии якдигарро ҳимоят кунанд ва сифати ҳамкориро баланд бардоранд.

Дар бахши иқтисодӣ Чин мехоҳад ҳаҷми тиҷорати дуҷониба афзоиш ёбад. Пекин ҳамчунин омода аст дар бахшҳои зерсохтор, маъданҳои сабз ва пайвастагии роҳҳо ҳамкорӣ кунад, то манбаъҳои нави рушди иқтисодӣ фароҳам оянд.

Ли Чян инчунин гуфта, ки ду кишвар бояд ҳамкориро дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва амният амиқтар кунанд ва табодули иттилооти иктишофиро густариш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, Чин ва Тоҷикистон бояд якҷоя бо “се нерӯи шарир” мубориза баранд ва сулҳу суботи минтақаро ҳифз кунанд. Ба гуфтаи коршиносон, Пекин бо ин истилоҳ: даҳшатафканӣ, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароиро дар назар дорад.

Сарвазири Чин аз Тоҷикистон хост, ки барои ҳифзи шаҳрвандон ва ширкатҳои чинӣ дар ин кишвар минбаъд низ “тадбирҳои ҷиддӣ” андешад.

Ба гуфтаи Ли Чян, Пекин ҳамкориро бо Душанбе дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, низоми ҳамкории “Чин – Осиёи Марказӣ” ва дигар созмонҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг мекунад.

Хабаргузории Ройтерс менависад, ки Чин муддатҳост нигарон аст ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ ба минтақаи ғарбии ин кишвар – Шинҷон сироят кунанд. Шинҷон зодгоҳи мардуми уйғур аст, ки бештарашон мусулмонанд. Пекин гурӯҳҳои ҷангҷӯи уйғурро дар як силсила ҳамлаҳои гузашта дар Шинҷон гунаҳкор медонад. Созмонҳои ҳуқуқи башар Чинро ба саркӯби шадиди уйғурҳо ва маҳдуд кардани ҳуқуқҳои динӣ, фарҳангӣ ва забонии онҳо муттаҳам мекунанд. Чин ҳар гуна поймол кардани ҳуқуқҳоро рад мекунад.

Ли Чян пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар карда буд. Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио низ рӯзи якшанбе ба Самарқанд сафар кард ва бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба назари коршиносон, Осиёи Марказӣ ба майдони рақобати Амрико ва Чин табдил ёфтааст ва ҳар ду кишвар барои дастрасӣ ба манобеи табиии минтақа талош доранд. Таваҷҷуҳи Вашингтон бештар ба Қазоқистон ва Узбекистон равона аст ва Тоҷикистону Қирғизистон дар равобити Амрико бо Осиёи Марказӣ камтар дар маркази диққат қарор доранд.

Ҳанӯз маълум нест, ки маъмурияти Доналд Трамп танҳо дар пайи фурӯши ҳавопаймо ва дигар маҳсулоти амрикоист ё дар минтақа сармоягузории калон низ хоҳад кард. Аммо ҳадафи Чин равшан аст: Пекин ҳам бозори маҳсулоти худро васеъ мекунад ва ҳам бо афзоиши сармоягузорӣ нуфузи иқтисодӣ ва амниятии худро дар Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад. Минтақа ба баҳр роҳ надорад ва аз Амрико дур аст. Аз ин рӯ, маълум нест, ки дар рақобат бо Чин чӣ саҳме аз ин бозор насиби Амрико хоҳад шуд.

Чин бо Тоҷикистон марзи кӯҳистонӣ ва дурдаст дорад ва яке аз сармоягузорони бузурги ин кишвар ба шумор меравад. Охири соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Чин кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамлаҳо аз хоки Афғонистони ҳамсоя анҷом шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.