22.9 C
Dushanbe

Дуздии пули миллат аз ҷониби Вазорати дифоъ

Имрӯз, 9-уми август Насридин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз дуздии буҷети давлатӣ тавассути Вазорати дифоъ хабар дод.

Низомзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмуъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ азхудкунии маблағи буҷет ошкор карда шуд ва дар ин робита 9 парвандаи ҷиноятӣ ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори кишвар, пулҳои дуздидашуда бояд барои либосу хӯрок ва нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, аммо аз ҷониби масъулони Вазорати дифо ин ҳаққи сарбозони кишвар дуздида шудааст. Ӯ мегӯяд, дар робита ба азхудкуни пули давлат дар Вазорати дифоъ, нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳ фиристода шудааст ва тафтиши пешакии қисме аз парвандаҳо идома дорад. “Аз маблағи беш аз 123 миллион сомонӣ то ҳол 93 миллион сомонияш ба будҷаи давлат баргардонад шудааст”, – гуфт Низомзода.

Ин масъули Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Тоҷикистон иброз дошт, ки ба ғайр аз масъулони Вазорати дифоъ ба гумони дуздии маблағи давлат нисбати дигар идораҳо, аз ҷумла Палатаи ҳисоб ва Вазорати молия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ошкор шудани дуздии пули миллат дар Вазорати дифоъ дар ҳоле аст, ки сарбозон аз набудани шароити мусоид ва паст будани сифати ғазо ва инчунин камбуди кафшу либосҳои нави низомӣ дар Вазорати дифоъ шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.