8.9 C
Dushanbe

Тамдиди муҳлати ҳабси 8 зодаи Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси ҳашт зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайи ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, рӯзҳои 18 ва 19-уми августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи навбатии Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Шамсидин Фаридун, Муҳаммадсобир Файзов, Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода паси дарҳои баста баргузор гардид.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ гумонбар медонанд, ки тибқи он ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бо қарори додгоҳ ин афрод то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд, аммо сабаби барои 3 моҳи дигар дароз кардани ҳабси пешакии онҳо маълум нест.

Маълум нест гумонбарон пас аз судури ин қарор вокунише кардаанд ё не, аммо пас аз мурофиаҳои гузашта чанде аз ин афрод, бар зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ дониста буданд, вале додгоҳ дархости онҳоро барои бозбинии парванда напазируфта буд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Дар пайи ин ҳодиса чандин зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, боздошт шуданд.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст.

Дар чанд моҳи охир дар Русия низ чанд тарҳи нави қонунҳое пешниҳод ва қабул гардиданд, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар хоҳад кард. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тазоҳуроти навбатӣ барои озодии Абдуллоҳ ва Дилмурод

Гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодӣ ба Абдулоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд гирдиҳамоӣ карданд. 

Оташбас дар Ғазза барқарор шуд

Рӯзи якшанбе, 19-уми январ соати 8:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ оташбас дар Ғазза барқарор шуд ва мардум барои изҳори шодӣ ба кӯчаҳо баромаданд.

Зиндонӣ шудани як муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми “бадномкунии низомиёни рус”

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибисрки Русия бо иттиҳоми "бадномкунии низомиён" ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. 

Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.