Оғози нахустин қаҳрамониҳои ҷаҳон оид ба куштӣ дар Душанбе

Шуруъ аз 30-уми август дар Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи обии Душанбе нахустин мусобақаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштӣ оғоз гардид.

Қарор аст ин мусобиқот то 31-уми август идома пайдо кунад. Баргузоркунандагони ин мусобиқа бабри кӯҳиро, ки яке аз ҷонварҳои нодири маскун дар Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар кӯҳҳои Помир ба шумор меравад, ҳамчун рамз инихоб кардаанд.

Интизор меравад дар ин қаҳрамонӣ зиёда аз 200 варзишкор аз 63 кишвари ҷаҳон ширкат варзанд. Варзишкорон дар нӯҳ вазн, се вазн миёни занон ва шаш вазн миёни мардон байни худ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешвад, дар ин қувваозмоиҳо Тоҷикистонро 18 варзишкор дар ҳар вазне ду нафарӣ муаррифӣ хоҳанд кард. Ба ин тарбиб шаш варзишкори зан иборатанд аз Мадина Қурбонзода ва Рӯзигули Ҳасан (дар вазни 52 кг), Ҷонона Назарова ва Шоҳида Қаландарова (дар вазни 70 кг), Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова (дар вазни 70 кг) ширкат мекунанд.

Барои ҷоизаҳои ин мусобиқот 400 ҳазор доллар маблағ муайяян шуда аст, ки барои барандаи ҷойҳои аввал 20 000 доллар ҳамчун мукофот дода мешавад. Ба ҳамин тартиб барандаҳои ҷои дуюм 10 000 доллар ва ҷои сеюм 5 000 доллар хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон ба дастаҳое, ки дар ҷамъи медалҳо се ҷои аввалро ишғол мекунанд, мутаносибан 5,3 ва 2 000 доллар мукофот дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2022 куштии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, дар Вазорати адлияи Швейтсария сабти ном шуд ва шаҳодатномаи байналмилалӣ ба даст овард.

Расонаи ҳукуматии “Ховар” аз ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо писраш, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин чорабинӣ хабар дода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.