Коршинос: Бо вуҷуди фишорҳо сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия меафзояд

Ба боварии сиёсатмадорони рус, тасмими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ метавонад вуруди муҳоҷирони тоҷикистониро ба Русия аз нав бештар кунад.

Сиёсатшиноси рус Вадим Трухачев дар мусоҳибае бо расонаи SM.News. гуфт, ба далели мушкилсозӣ аз сӯи муҳоҷирони тоҷикистонӣ кишварҳои зиёде бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанд.

“Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Тоҷикон бо задухӯрдҳои оммавӣ дар ин кишвар машҳур шудаанд. Қаблан низ Кореяи Ҷанубӣ иҷозаи вуруди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷкистонро қатъ кард. Туркия ҳам пас аз даст доштани шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои террористӣ бо Тоҷикистон раводид ҷорӣ кард”, – мегӯяд Трухачев.

Ҳамин тариқ, барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон кишварҳое каме боқӣ монда аст, ки онҳо озодна битавонанд барои кор бираванд. Ин сиёсатшиноси рус таъкид мекунад, ки бо сабабҳои болозикр эҳтиол меравад вуруди муҳоҷирони тоҷик, бахусус тундравҳо ба Русия афзоиш меёбад.

Ин коршиноси рус бо таври истеҳзоомез иброз дошта, ки акнун “мутахассисони арзишманди радшудаи тоҷик” ба куҷо хоҳанд рафт? 

Гуфтаҳои ин коршинос дар ҳоле садо медиҳаднд, ки  муҳоҷирони тоҷик ҳангоми вуруд ба хоки Русия аз сахтиҳо шикоят мекунанд. Дар наворҳое, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки марзбонони Русия ҳам дар марзҳои заминӣ ва ҳам дар фурӯдгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро сахт тафтиш мекунанд. Ва ҳоалтҳое ҳам ҳаст, ки онҳоро барои ворид шудан ба ин кишвар иҷозат намедиҳанд ва ба Ватан бозпас мефиристанд.

Ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии ин ду ҳодиса зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, ҳолатро боз баддтар карда ва мақомоти Русия шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар карданд. Дар ин росто мақомоти Тоҷикистон барои сабук кардани мушкилоти муҳоҷирон талоши чашмрасе надоранд ва хомӯшӣ пеша кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.