-0.1 C
Dushanbe

Саймумин Ятимов: Сафар ба Кобул “пурмуҳтаво” буд

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба хотири озод кардани гумоштаҳои худ дар Афғонистон ба Кобул сафар кардааст?

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милллии Тоҷикистон моҳи августи соли 2024 ба сурати расмӣ ба Кобул, пойтахти Афғонистон сафар кардааст.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ин сафари кории раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул, таҳкими равобити дуҷониба бо мақомҳои амниятии Толибон ва озод кардани бархе гумоштаҳои боздоштшуда аз сӯи Толибон арзёбӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе коршиносон мегӯянд, пеш аз ин сафар нерӯҳои истихборотии Толибон, ки бо гурӯҳи Ансоруллоҳи Тоҷикистон (ҳоло Ҳаракати Толибони Тоҷикистон) робитаи хубе доранд, дар давоми се соли ахир чандин нафар аз гумоштаҳои мақомоти амниятии Тоҷикистонро, ки дар сафаҳои Ансоруллоҳ ва шохаи Хуросони ДИИШ амал мекарданд, боздошт карда буданд.

Ҳамзамон шабакаи хабарии “Афғонистон Интернешнл” бо нашри як матлаби ихтисосӣ дар бораи ин сафари Саймумин Ятимов гуфтааст, ки вай “дар сафараш ба Кобул бо мақомоти истихбороти Толибон мулоқот кардааст.”

Дар ин матлаб таъкид шудааст, ки “манбаъҳои дипломатӣ ба “Афғонистон Интернешнл” гуфтаанд, ки Саймумин Ятимов, баландтарин мақоми истихборотии Тоҷикистон, ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти ин кишвар ба Кобул рафтааст.” Ва ӯ “пас аз бозгашт ба Душанбе сафари худро “пурмуҳтаво” номидааст.”

Ин сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул, пойтахти Афғонистон ва мулоқоти ӯ бо мақомоти истихборотии Толибон пас аз таҳвил додани консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухотори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба Толибон, бастани дафтари Нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Толибон 15-уми августи соли 2021 баъд аз 20 соли ҷангу мубориза бо нерӯҳои НАТО ва Аримко дубора дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва бо гузашти беш аз 3 сол ҳеч кишваре онҳоро дар дунё ба расмият нашинохтааст. Аммо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба мисли Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Толибон оғоз кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мадуро дар аввалин додгоҳаш гуфт, бегуноҳ аст 

5-уми январи соли ҷорӣ, мурофиаи аввалини раисҷумҳури рабудашудаи Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес дар додгоҳи федералии Ню-Йорк баргузор гардид. 

КҲФ аз сокинон хоста, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд

КҲФ шаҳрвандонро ҳушдор дода, ки ба сабаби номусоид будани обу ҳаво ба минтақаҳои дурдасти кишвар сафар накунанд.

Дар Русия гирифтани патент мушкилтар мешавад

Дар Русия мумкин аст ба шаҳрвандони хориҷӣ барои доштани қарз патенти корӣ надиҳанд.

Даргирии шадиди сокинон бо Толибон бар сари истихроҷи тилло дар Афғонистон

Дар пайи эътирози сокинони ноҳияи Чоҳоби вилояти Тахор ба истихроҷи тилло аз сӯи ширкатҳои вобаста ба Толибон, даргирии шадид сар задааст.