-2.1 C
Dushanbe

Ҳукми зиндони сангин ба рӯзноманигор пас аз додхоҳӣ аз Рустами Эмомалӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзноманигор ва сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳимро пас аз як рӯзи расонаӣ шудани номаи додхоҳияш аз Рустами Эмомалӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум кард.

Номаи Аҳмади Иброҳим дирӯз 9-уми январ дар расонаҳо нашр шуд. Ӯ дар ин номааш, ки ба унвонии Рустами Эмомалӣ нигошта шуда аст, ҳама иттиҳомот алайҳашро рад мекунад. Ҳамзамон рӯзноманигор таъкид мекунад, ки на ба касе пора додаасту на аз касе пора гирифтааст ва ҳамеша бо ифоритоҳо мубориза бурда аст.

Аммо бо вуҷуди ин ҳам Додгоҳи шаҳри Кӯлоб имрӯз 10-уми январ ӯро барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Ҳукме, ки пайвандони рӯзноманигор онро қабул надоранд ва бераҳмона медонанд.

Аҳмади Иброҳим ҳанӯз дар моҳи августи соли 2024 боздошт шуда буд. Боздошти ӯ бо иттиҳоми “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” гуфта мешавад. Аммо наздикону дӯстони рӯзноманигор ба ин иттиҳомот боварӣ надоранд ва мегӯянд, ӯ қурбонии кадом бозиҳои мансабдоре шуд. Худи рӯзноманигор низ дар номааш ба Рустами Эмомалӣ ин нуктаро зикр карда, ки боздошташ кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” аст.

Рӯзноманигор аз соли 2012 сардабири нашрияи мустақили “Пайк” аст. Дар гузашта ӯ бо мухолифони ҳукмат низ чанд дафъа даргир шуда аст.

Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯноманигор бо иттиҳомотҳои зидунақиз аз 7 та 10 сол равонаи зиндон шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи тағйиру ҷойивазкуниҳо дар вазорату идораҳо

Шералӣ Мирзо, ки беш аз 12 сол вазири дифои кишвар буд, аз вазифааш барканор шудааст.

Толибон: Омилони ҳамлаҳо дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистону Покистонанд

Толибон бо интишори гузорише муддаи шуданд, ки аксари омилони ҳамлаҳои терористӣ дар Афғонистон шаҳвандони Тоҷикистон ва Покистон мебошанд.

Додгоҳи Лоҳа раҳбарони Толибонро боздошт мекунад?

Аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (Додгҳи Лоҳой) хоста шуда, ки ҳукми боздошти роҳбарони Толибон, аз ҷумла Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдуллоҳ Ҳаққониро содир кунад. 

Раҳмон ду қудояшро аз вазифаҳояшон барканор кард

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ё ҷойивазкунии имрӯзаи мақомдоронро аз барканории ду қудояш шуруъ кард.