Боздошти собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлол

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 30-уми сентябри соли ҷорӣ аз боздошти ӯ хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, “Носиров Ф.С. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд буда, аз 20 июли августи соли 2022 то 01 июли соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истиқлол кор кардааст.”

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлолро ба қаллабӣ “ба миқдори махсусан калон” муттаҳам дониста, таъкид карда, ки вай “дар давраи фаъолияти кориаш новобаста аз он ки қаблан ду маротиба суд шуда буд”, барои харидани манзили истиқоматӣ аз хонаҳои давлатӣ дар шаҳри Истиқлол аз шаҳрванд Носиров Ф.С. дар давоми ду сол 45 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ин ниҳоди давлатӣ дар хабарномааш меафзояд, ки “Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда, ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард”.

Дар матни хабари Агентии зидди фасоди кишвар назари Носиров, вакил ва ё наздикону пайвандонаш зикр нашудааст. Azda Tv ҳам то замони таҳияи ин матлаб натавонист назари онҳоро дарёфт кунад. Дар ҳолати дастрас шудани назари муттаҳам ва наздиконаш, он нашр хоҳад шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, пас аз боздошт бар зидди собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлол бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай таҳқиқи пешакии он ба поён расид ва ҳоло барои айбдоркунӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Моддаи мазкур барои шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.