15.9 C
Dushanbe

Ёди муҳоҷирон аз забони мақомдорони тоҷик

Мақомдорони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Маскав баргузор шуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар чанде аз кишварҳои ин иттиҳод гуфт.

Вазир аз ҳолати муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёне ёдовар шуд, ки бо мушкили вуруд ба хоки Русия ва будубош рӯбарӯ ҳастанд.

Муҳриддин мегӯяд, ки донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, бо маҳдудиятҳои беасос ва мамнуъияти вуруд рӯбарӯ буда, чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад.

Ӯ ба зарурати бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллӣ баробар ба инобат гирифта шавад, таъкид кардааст.

Муҳриддин зимни суханронияш аз кишварҳои мушаххас ном набурд, аммо ин чанд вақти охир вазъи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия нохуб шуда, мавориди ихроҷ ва мамнуъияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар бештар ба мушоҳида мерасад.

Пештар аз ин Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар поймол мешаванд, нигаронӣ карда буд.

Ба гуфтаи сарвазир, ҳолатҳои роҳ надодан ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия бо баҳонаи “таъмини амният” ба қайд гирифта шуда, дар марз одамон, ҳатто аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон “соатҳо ва ҳатто рӯзҳо” нигоҳ дошта мешаванд.

Расулзода аз ҳамтоёни русаш даъват кардааст, ки ба ҳалли муассири масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират гузаранд, то ки дар ин масъала байни кишварҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шавад.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик аз вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд, ҳатто раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбате бо ҳамтои русаш Владмири Путин ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ишора карда буд. Аммо то ҳанӯз дар ин самт ҳеч тағйироте дида намешавад, ва баракс, рӯз ба рӯз фишору ихроҷ кардани муҳоҷирони тоҷик бештар мешавад.

Афзоиши фишорҳо болои муҳоҷирон дар Русия пас аз ҳодисаи хунини “Крокус сити ҳолл”, ки гумонбарони асосиаш зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, то рафт бадтар шуда, мақомоти ин кишвар бо қабули қонунҳо маҳдудиятҳои нав нисбати муҳоҷирон ҷорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.