Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.
Дар эълони расмии ВКД, ки 21-уми октябри соли 2026 нашр шуд, ҳадафи ин иқдом пешгирӣ аз хурофот, фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ ва мардумфиребӣ гуфта шудааст.
Тибқи эълон, ба махзан номи фолбину ҷодугарон, шахсоне, ки вазорат онҳоро “нимчамуллоҳои дайду” меномад, афроди машғул ба танфурӯшӣ, мизоҷону наздикони онҳо, шахсони вобаста ба маводи мухаддир ва дигар афроди “ба ин амалҳо алоқаманд” ворид мешавад.
ВКД мегӯяд, маълумоти сабтшуда бо дархости сохторҳои дахлдор пешниҳод хоҳад шуд, аммо мушаххас накардааст, ки кадом ниҳодҳо ба он дастрасӣ хоҳанд дошт.
Вазорат аз шаҳрвандон хостааст, аз гурӯҳҳои номбаршуда дурӣ ҷӯянд, то ба қайди махсус наафтанд ва “номи худро пеши фарзандон доғдор” накунанд.
Бо вуҷуди эълони назорати доимӣ, ВКД асоси ҳуқуқии ба қайд гирифтани наздикон ва меъёри муайян кардани “алоқамандӣ”-ро шарҳ надодааст. Ҳамчунин рӯшан нест, ки барои сабти номи шаҳрванд қарори суд ё исботи ҳуқуқвайронкунӣ талаб мешавад ё на.
Муҳлати нигоҳдории маълумот, тартиби хориҷ кардани ном аз махзан ва имкони эътирози шаҳрвандон ба чунин сабт низ дар эълон зикр нашудааст.
ВКД пайваста аз боздошти фолбинҳо ва афроди машғул ба танфурӯшӣ хабар медиҳад, аммо бо вуҷуди боздоштҳои зиёди ин гурӯҳҳо боз ҳам дида мешавад, ки фаъолияти онҳо кам нашудааст ва ин чораҳо зоҳиран пеши роҳи чунин фаъолиятҳоро гирифта натавонистааст. Ҳамзамон, истифодаи таъбири “нимчамуллоҳои дайду” суолҳоеро низ ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол ин ҳама ҳадафмандона аст ва қасдан барои сиёҳ кардани чеҳраҳои динӣ роҳандозӣ мешавад.
