16.9 C
Dushanbe

ИМА 4 зодаи Тоҷикистонро ихроҷ мекунад

Шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки бо ҷурми иртибот ба гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам шуданд, аз ИМА ихроҷ карда мешаванд.

Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, Департаменти амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба узвият дар гурӯҳи террористии созмони Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) муттаҳам мешаванд, аз ИМА хориҷ мешаванд.

Ба қавли манбаъ, амалиёти дастгирии ин гурӯҳ тавассути Бюрои федералии тафтишот (FBI) дар ҳамроҳӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) анҷом ёфт. Ва ин гумонбарон ба шакли пароканда аз шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия дастгир шуданд.

Бино ба иттилои мақомот, пас аз вуруди ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ИМА маълум шуда, ки онҳо қасди анҷоми амали террористиро доранд ва дар моҳи июн бо истифода аз тафтишоти ҷосусӣ дастгир шуданд. Мақомот гуфтаанд, ки маъмурони амниятӣ тавонистанд чанд нақшаи ҷиноии эҳтимолии ин гурӯҳро барҳам зананд.

Пас аз боздошт, се нафари онҳо ба Тоҷикистон ва Русия баргардонида шуданд, аммо чор нафари дигар мунтазири қарори додгоҳ ҳастанд.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки дар як соли охир ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар чанд амали террористӣ, аз ҷумла ҳамлаи хунине дар Москва, ки 133 нафарро қурбон кард, муттаҳам мешаванд. Гурӯҳи террористии ДИИШ бо вуҷуди тамаркузи фаъолияташ дар Афғонистон, инчунин дар Русия, Туркия ва Эрон фаъолиятҳои ҷиноии худро густариш додааст.

Хеле аз коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз иллатҳои асосии гароиши ҷавонон ба сафи созмонҳои ҳаросафкан ва ифротӣ ҷорӣ кардани сиёсатҳои ғалат, зидди миллӣ, мамнуъ ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва мазҳабӣ, афзоиши саркӯбҳои ғайриқонунии мақомоти кишвар ва ғайра мебошанд. Ҳукуматдорон барои бақои Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудрат аз ҳамагуна намудҳои тарс додани мардум истифода мекунанд, то ин пирамарди 74-соларо дар раъси қудрат нигаҳ бидоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар моҳи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳанд?

Ширкати "Барқи тоҷик" иддао карда, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони кишвар бештар барқ медиҳад.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза

Бар асоси гузориш баъзе аз шаҳрвнадони кишварҳои Осиё Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд.

Чаро имсол таъйини Рамазон ихтилофи зиёдеро ба вуҷуд овард?

Шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайри он баҳси шадиде дар мавриди духули моҳи мубораки Рамазон ба вуҷуд омад.

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.