Узбекистон расман сафири Толибонро пазируфт

Рӯзи чоршанбе, 9-уми октябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов ба таври расмӣ Абдулғаффор Таровиро ба ҳайси сафири Толибон дар ин кишвар пазируфт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар медиҳад, мақомоти ин кишвар аз намояндаи ҷадиди дипломатии Толибон ба хубӣ истиқбол карданд.

Гуфта мешавад, дар дидори вазири корҳои хориҷии Узбекистон бо сафири тозаи Толибон “ба зарурати тавсиаи ҳамаҷонибаи равобит миёни Узбекистон ва Афғонистон, таҳаққуқи зарфиятҳои тоза ва тавсиаи пружаҳои ҷадид, ки ба манфиати мардуми ду кишвар бошад, таъкид шудааст.”

Кишвари Узбекистон қаблан ҳам бо Толибон равобити дипломатиро шуруъ карда буд, вале на ба таври расмӣ. Дар байни кишварҳои ҷаҳон шояд аз аввалин кишварҳоест, ки сафири Толибонро расман мепазирад.

Дар баробари Узбекистон, кишварҳои Русия ва Чин ҳам тақрибан равобити дипломатии шибҳи расмӣ бо Толибон доранд ва сафири Афғонистонро пазируфтаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон дар баробари Толибон мавқеи шадид дошт ва дар минбарҳои гуногуни ҷаҳонӣ аз онҳо интиқод мекард. Аммо ҳоло ин интиқодҳо камранг шудаанд ва Душанбе равобити дипломатиашро бо Кобул оғоз кардааст. Аллакай дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Толибон консулгарӣ доранд ва расман фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон дар ин авохир хабарҳо нашр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти мухолифони Толибонро маҳдуд карда, аз ҷумла дафтари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистонро, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд раҳбарӣ мекунад, дар Душанбе бастааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, вусъат ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ байни Душанбе ва Кобул, қатъи фаъолияти мухолифони Толибон дар Тоҷикистон, коҳиши интиқодҳои аланӣ аз ин гурӯҳ далели таҳкими равобити дипломатӣ байни Ҳукумати феълии Афғонистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.